Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд нисбати Шукуров В.А.

Шукуров Вҳид Абдуғаниевич, ки қаблан санаи 15.08.2012 сол барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуда буд, ба худ хулосабароро накарда, боз санаи 10.03.2019 сол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор такроран, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба микдори махсусан калон ҷинояти бо моддаи 200 қисми 4 банди «д» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намуда, гунаҳгор дониста шуд ва дар асоси ҳукми суд ба ӯ дар асоси ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати шонздаҳ сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.

Далели шайъӣ-маводи нашъадори омехтаи навъи “героин” ба миқдори 3002,1 грамм, баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукм маҳв карда мешавад.