ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД ДАР «ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНИИ ҶУМҲУРИЯВӢ»

Имрӯз, 17 майи соли 2026 дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии оммавии варзишӣ таҳти унвони «Дави миллӣ ва марафони велосипедронии ҷумҳуриявӣ» дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Суди шаҳри Хуҷанд, муовинони раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд фаъолона иштирок намуда, бо руҳияи баланд ҷонибдории худро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат дар самти рушди соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим изҳор намуданд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ таҳкими саломатии ҷомеа, оммавигардонии варзиш, ҷалби аҳолӣ ба тарзи ҳаёти солим, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад.

   

Қайд гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати солимии ҷомеа тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.

Иштироки фаъолонаи кормандони мақомоти судӣ дар чунин чорабиниҳо нишонаи ҷонибдорӣ аз сиёсати давлатӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.