ҚАРОРИ СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД АЗ САНАИ 2 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2026 БО МОДДАИ 90 ҚИСМИ 2 КҲМ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҳти раисикунанда Мусоҷонзода У.М., дар бинои ҶСК “Тоҷиктелеком”, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда П.П.Т. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, бо моддаи 90 қисми 2 сархати 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар мурофиаи судӣ муайян карда шудааст, ки П.П.Т. санаи 4 январи соли 2026 тахминан соати 11:00 дақиқа аз ҷониби кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар вақти гузаронидани санҷиш муайян карда шуд, ки ноболиғ М.Ф.Р, 07.02.2010 соли таваллудаш, хонандаи синфи 11 “в”, Литсейи №1-и ноҳияи Ҷ.Расулов, тахминан соатҳои 22:00 дақиқа аз беназоратии волидонаш ба толори дилхушии “Мансур”, воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд ташриф овардааст, ки бо ин кирдори ӯ боиси вайрон гардидани меъёрҳои КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” гардидааст. Аз ин бармеояд, ки модари ноболиғ М.Ф.Р, шаҳрванд П.П.Т. талаботи қисми 2 сархати 2 моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд риоя накардааст, ки боиси машғулиятҳои дарсӣ ҳозир нагардидани фарзанди ноболиғаш гардидааст.

Ҳуқуқвайронкунанда П.П.Т. дар маҷлиси судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор гардида, аз беамалии содирнамудааш сидқан пушаймонӣ изҳор карда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Судя, кирдори ҳуқуқвайронкунанда П.П.Т.-ро бо моддаи 90 қисми 2 сархати 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи қонунии кӯдак, инчунин, шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, ки дар натиҷа кӯдак ба марказҳои дилхушӣ ва ё дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тҷљикистон манъшуда ба марказҳои пешниҳод бозиҳои компютерӣ рафтан, банду баст менамояд.

Бо назардошти он, ки ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар руҳияи риояи бечунучарои қонунҳо тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад, суд лозим медонад, ки нисбат ба П.П.Т. ҷазоро дар доираи санксияи моддаи мазкур таъин намояд.

Дар натиҷа, бо қарори суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз 02.02.2026 сол, ҳуқуқвайронкунанда П.П.Т. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 2 сархати 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 15 (понздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1170 (як ҳазору яксаду ҳафтод) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Мусоҷонзода Умед Мусоҷон