БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲАФТАИНАИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД
Санаи 25 майи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Суди шаҳри Хуҷанд маҷлиси навбатии ҳафтаинаи кормандони суд таҳти раисии роҳбарияти суд — Мирзоҳомидзода Диловар бо иштироки муовини раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Зимни баргузории маҷлис фаъолияти кории суд дар ҳафтаи сипаригардида мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирифта, масъалаҳои марбут ба таъмини иҷрои босифату саривақтии вазифаҳои хизматӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, барои ҳафтаи кории оғозгардида вазифаҳои мушаххас ва дастуру супоришҳои дахлдор муайян ва ба масъулин ҷиҳати иҷрои онҳо дода шуданд.

Суди шаҳри Хуҷанд 