Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд нисбати Аҳроров Зиёдулло Юсуфҷонович дар содир намудани ҷинояти кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд

 

 

Санаи 14 январи соли 2022 аз ҷониби Раиси суди шаҳри Хуҷанд Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон дар бинои муассисаи ислоҳии ЯС 3/5 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Аҳроров Зиёдулло Юсуфҷонович бо моддаи 332 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозад, яъне аз ҷониби шахси адокунандаи ҷазо барои ҷинояти вазнин дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ, таҳқиру шиканҷаи маҳкумшудагон, ташкил намудани гурӯҳҳо бо ин мақсад ва дар амали онҳо фаъолона иштирок намудан, пешбинӣ менамояд, баррасӣ намуд.

Бо ҳукми суд аз 14 январи соли 2022 Аҳроров Зиёдулло Юсуфҷонович гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати панҷ солу шаш моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт маҳкум карда шуд.

Раиси суди шаҳри Хуҷанд Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон санаи 14 январи соли 2022 дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/5 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳкумшудагон вохӯрӣ гузаронида, ба онҳо талаботҳои моддаҳои 76, 77 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 392 ва 394 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод кардан ва ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо фаҳмонида дода, доири ин мавзӯъ маҳкумшудагон ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Инчунин аз тарафи Раиси суди шаҳри Хуҷанд Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон марбут ба ҷиноятҳо оид ба саркашӣ кардан аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабсӣ пешакӣ, кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозад, яъне аз ҷониби шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ, таҳқиру шиканҷаи маҳкумшудагон, ҳамла овардан ба намояндагони маъмурияти ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ, ташкил намудани гурӯҳҳо бо ин мақсад, дар амали онҳо фаъолона иштирок намудан баромад намуда, доир ба тарбияи маҳкумшудагон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, ҳамзамон доир ба пешгирии дигар ҷиноятҳо суханронӣ намуд ва ба саволҳои маҳкумшудагон ҷавоб дод.