Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 25 августи соли 2022

Раҳмонова Шаҳноза Каримҷоновна дар асоси фармоиши ректори МД ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров аз 18 сентябри соли 2018 таҳти №275 ба вазифаи коргузори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқи донишгоҳи мазкур таъин карда шуда, дар давраи фаъолияти кориаш ҷинояти қаллобиро содир намудааст.
Чунончӣ; тахминан аввалҳои моҳи апрели соли 2021 ба Раҳмонова Ш.К. донишҷӯи курси дуюми факултаи забонҳои хориҷии МД ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Шукурова Ҷаҳоноро Рустамбековна барои аз гуруҳи шартномавӣ ба гуруҳи буҷавии гузарониданаш муроҷиат намудааст. Раҳмонова Ш.Қ. бо мақсади бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, дидаю дониста, ки ваколати аз гуруҳи шартномавӣ ба гуруҳи буҷавӣ гузаронидани донишҷӯёнро надорад ва он ба ваколати ректори Донишгоҳ дохил мешавад, аз вазъияти ба худ муносиб истифода бурда, бо истифодаи мақоми хизматӣ, нақшаи бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ тасарруф намудани молу мулки ғайрро тарҳрезӣ намуда, аз Шукурова Ҷ.Р. талаб намудааст, ки дар сурати ба ӯ додани маблағи 2000 (ду ҳазор) сомонӣ метавонад, ба воситаи шиносҳояш номбурдаро ба гуруҳи буҷавии Донишгоҳ гузаронад.
Баъдан Раҳмонова Ш.К. баҳри ноил шудан ба нияти ҷинояткоронаи худ, бо мақсади пурра ба боварии шаҳрванд Шукурова Ҷ.Р. даромадан, ҷиҳати ба гуруҳи буҷавӣ гузаронидан, тахминан аввалҳои моҳи апрели соли 2021 аз номбурда дар назди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд маблағи 2000 (ду ҳазор) сомониро гирифта, онро тасарруф намудааст.
Раҳмонова Ш.К. ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, бо мақсади ба анҷом расонидани нақшаи қаблан тарҳрезикардааш тахминан миёнаҳои моҳи майи соли 2022 дар назди Маркази савдои марказии шаҳри Хуҷанд боз аз Шукурова Ҷ.Р. маблағи (як ҳазор) сомонӣ талаб карда гирифта, ба тасарруфи худ дароварда, ба манфиати охирон ягон амалро иҷро накардааст. Раҳмонова Ш.К. бо ин кирдори худ ба шаҳрванд Шукурова Ҷ.Р. зарари ҷиддӣ расонидааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 25 августи соли 2022 Раҳмонова Шаҳноза Каримҷоновна дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба бисту панҷ ҳазору шашсад сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар соҳаи маориф ба муҳлати ду сол таъин карда шудааст.