ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМҲОИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ СОКИНОНИ КИШВАР МЕБОШАД

Расму оин ва анъанаву маросим яке аз шаклҳои муҳимтарини шуури ҷамъиятии ҳар як миллату ҷомеа мебошанд.

Бо назардошти ин, ҳанӯз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири манфиати умумии мардуми кишвар тамоми имкониятҳоро истифода намуд, то пеши роҳи исрофкорӣ ва маросими серхарҷ гирифта шавад.

Аз ҷумла, 9-уми июли соли 1999 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир шуд. Инчунин, 27-уми ноябри соли 1999 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросимҳои миллӣ» қабул гардид. Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз моҳи ноябри соли 1999 то моҳи майи соли 2007 фаъолият намуда, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба танзими расму оинҳои мардумӣ конференсияҳои илмӣ-амалӣ, машваратҳои ҷумҳуриявӣ ва мулоқоту вохӯриҳо доир намуд. Бо вуҷуди ин, мушкилот дар он буд, ки оростани зиёфат ва хӯрдани таом ҳамчун ҳадафи ниҳоии ҳамаи иҷрокунандагони маросими милливу мазҳабӣ қарор гирифта, маънои аслии суннату анъанаҳои неки мардумиро то андозае коҳиш дода буд.

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми июни соли 2007 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузории маъракаҳо давра ба давра танзим гардид.

Барои муқоиса таҳлили амиқи теъдоду баргузории маъракаҳои соли 2006 ва соли 2023-ро дар асоси омори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омори собиқ Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллии шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи таҳлилҳо ва оморҳои дақиқ дар соли 2006 сокинони мамлакат барои гузарондани маъракаҳои тӯйи домодию арӯсӣ, маросими дафну азодорӣ, хатна, зодрӯз ва ҳаҷ  зиёда аз чор миллиард сомонӣ харҷ карданд. Бо татбиқи самараноки Қонуни миллӣ ва сатҳи баланди маърифатнокии сокинони мамлакат хароҷоти ин маъракаҳо дар соли 2023 қариб 521 миллион сомониро ташкил додааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қабл аз ҳама, шароити мусоиди баргузории маъракаҳоро фароҳам овард. Қабули Қонуни миллӣ ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва рафъи мушкилоти рӯзгор мусоидат намуд ва бо назардошти ниёзу дархостҳои мардум давоми 17 сол ба Қонуни мазкур панҷ маротиба (16-уми июни соли 2008, 21-уми июли соли 2010, 30-юми майи соли 2017, 28-уми августи соли 2017 ва 25-уми июни соли 2021) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки баъди қабули Қонуни миллӣ-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 70 номгӯи ҷашну маросими зодрӯз, хатнасур, домодию арӯсӣ, дафну азодорӣ ва ҳаҷ 15 номгӯи он боқӣ монд.

Баргузор намудани маросим ба як қатор омилҳои эътиқодӣ, арҷ гузоштан ба меъёрҳои ахлоқӣ, одаму одамгарӣ, нангу номус ва хиҷолат аз бадгӯии дигарон вобаста аст. Бинобар ин, гузаронидани унсурҳои асосии миллии маъракаҳо дар доираи оила боқӣ мондааст. Масалан, маросими хостгорӣ, домодталабон, арӯсбинон, тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо дар тӯйи домодию арӯсӣ, инчунин, дар маросими дафну азодорӣ тибқи эътиқоди динӣ маъракаҳои «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими ҳаҷ маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталабон ва ҳоҷиошӣ қатъян манъ гардида, маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила баргузор мегарданд.

Ҳақ ба ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) таъкид намудаанд, ки аз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат гувоҳӣ медиҳанд.

Зиндагӣ собит сохт, ки Қонуни миллии бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва қабулгардида иқдоми саривақтиву зарурӣ буд ва ба ҳар як сокини мамлакат манфиати худро расонид.

Сардори шуъбаи коргузории суди шаҳри Хуҷанд Муқимзода М.