ТАЪИНОТИ МАҶЛИСИ ПЕШАКИИ СУДИИ СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД АЗ САНАИ 17 МАРТИ СОЛИ 2026
Даъвогар С.М.Н. нисбати Т.Р.С. оид ба бекор кардании ақди никоҳ ба суд муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки никоҳ байни ва ҷавобгар Т.Р.С., ки 28 июни соли 2012 дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, таҳти №654 ба қайд гирифта шудааст, бе додани муҳлати оштишавӣ бекор карда шавад.
Даъвогар С.М.Н. дар маҷлиси пешакии судӣ бо ариза дар бораи даст кашидан аз даъво муроҷиат намуда, онро чунин асоснок намуд, ки айни замон ӯ бо ҷавобгар оштӣ шуда, муносибатҳои оилавиашон барқарор гардида, оно дар якҷоягӣ бо ҷавобгар ва фарзандонашон зиндагӣ карда истодаанд ва айни замон баҳси мазкур ҳалли худро ёфтаааст. Аз ин рӯ, зарурияти баррасии парванда намонда, аз суд хоҳиш намуд, ки бинобар даст кашидан аз даъво, баррасии парвандаи оилавӣ бо даъвои ӯ нисбати Т.Р.С. оид ба бекор кардани ақди никоҳ қатъ карда шавад.
Тибқи талаботи моддаи 43 қисми 1-и КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс даъвогар ҳуқуқ дорад аз даъво даст кашад.
Аз рӯи талаботи қисми 2-и моддаи зикршуда суд даст кашидани даъвогарро аз даъво қабул намекунад, агар он хилофи қонун бошад ё ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсонро халалдор созад.
Суд, аз даъво даст кашидани даъвогар С.М.Н.-ро бинобар сабаби хилофи қонун набуданаш, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсонро халалдор насохтанашро ба инобат гирифта, қабул кардани он ва қатъ намудани баррасии парвандаро мувофиқи мақсад мешуморад.
Аз даъво даст кашидани намояндаи даъвогар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони сеюмро низ поймол намекунад.
Дар натиҷа, бо таъиноти маҷиси пешакии судии суди шаҳри Хуҷанд аз 17.03.2026 сол аз даъво даст кашидани даъвогар С.М.Н. қабул карда шуда, баррасии парвандаи оилавӣ бо даъвои С.М.Н. нисбати Т.Р.С. оид ба бекор кардани ақди никоҳ қатъ карда шудааст.
Судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд
Иброҳимзода Ниҳолби Абдураҳим
Суди шаҳри Хуҷанд 