Табрикоти кулли кормандони суди шаҳри Хуҷанд ба муносибати 9-май Иди Ғалаба!

Мову Шумо дар остонаи таҷлили 74-умин солгарди ҷашни Ғалаба бар фашизм қарор дорем. Маҳз корнамоиву қаҳрамониҳои бемисли бобоёну падарони мо буд, ки имрӯз мо аз фазои беғубори сулҳу дӯстӣ ва озодиву рафоқат баҳрабар ҳастем. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд.

Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии фарзандони барӯманд ва ватандӯсти миллатамон буд, ки имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Дар остонаи рӯзи пирузӣ бар фашизм, тамоми ҳамватанонро ба муносибати таҷлили ин ҷашни бошукӯҳ –Рӯзи Ғалаба аз номи кулли кормандони суди шањри Хуҷанд табрик намуда, ба ҳамаи Шумоён сарбаландӣ ва ба собиқадорони азиз саломатӣ, хушбахтӣ ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно дорем! Бигзор ҳамеша аз муҳаббат ва ғамхории атрофиёнатон баҳраманд бошед.

Бигзор фарзандон, наберагон ва аберагонатон беш аз ҳар вақти дигар дар бораи Шумо суханҳои саршор аз муҳаббату самимият бигӯянд. Хушбахт ва дар амон бошед!

Мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст! Зинда бод корнамоиву қаҳрамонии миллати сарбаланди тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ!