ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Имрӯз дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид. Нахуст Раиси суди шаҳри Хуҷанд Ҳоҷизода М.М. кулли кормандонро ба муносибати ин санаи пурифтихори таърихи навини давлатдории Тоҷикистон, ки самараҳои неки даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбанд, табрику шодбош гуфтанд.

Инчунин, судяи суди шаҳри Хуҷанд Рустамзода М. ва кормандони дастгоҳи суд Бафоев А. ва Хамидов Ш. бо баромадҳои пурмуҳтаво маърўза намуда, оиди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки 13 сол муқаддам, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд.