Таҷлили Рўзи Президент дар суди шаҳри Хуҷанд

Қобили қайд аст, ки рўзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» рўзи Президент муайян карда шудааст. Тибқи Қонуни мазкур шурўъ аз соли 2016 инҷониб 16 ноябр ҳар сол дар кишвар «Рўзи Президент» таҷлил мегардад.

Ҳадаф аз таҷлил ва истиқболи ин рўз дар кишвар арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

  

Пешвои миллат воқеан бо хизматҳои шоиста ва ташаббусҳои беназир тавонистанд, ки миллати моро аз фоношавӣ наҷот диҳанд ва кишварамонро ба як давлати рў ба рушду соҳибэҳтиром дар ҷаҳон табдил диҳанд. Сарвари давлат аз зумраи роҳбаронест, ки дар  тўли 30 соли соҳибистиқлоли Тоҷикистони ҷангзадаро ба як кишвари тараққикарда ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намуд.

 

Имрўз, дар суди шаҳри Хуҷанд бахшида ба «Рўзи Президент»  маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст, Роҳбарияти суд кулли кормандонро самимона табрик намуда, барояшон сарбаландию некномӣ, тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, хонаи обод, хушбахтӣ ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназирро таманно намуданд.

Инчунин, судяҳои суди шаҳри Хуҷанд ва кормандони дастгоҳи суд низ бо баромадҳои пурмуҳтаво маърўза намуда, оиди хизматҳои шоистаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.