СОЗМОНИ ЛОШАХӮРОН

     Душманони нотавонбин нисбат ба рушди босуботи кишвари маҳбубамон Тоҷикистон, ки мардуми заҳматкашу бофарҳанг, оромтабиату таҳаммулпазир дорад, бо ҳар роҳу васила бо номҳои гуногун созмону паймон ва ҳаракатҳои иртиҷоии ғайриқонунӣ таъсис дода, дасисагӯиву ғайбатҳо мекунанд.

     Дар замони муосир душманон ва хоинони миллат тарзу усули тарғиботи пасипардагии худро тағйир дода, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз хориҷи кишвар истода, мехоҳанд ба шуури шаҳрвандон ғояҳои иртиҷоияшонро бор кунанд.

     Тайи солҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳи худрӯиде бо номи Ҳаракати сиёсии Тоҷикистон пайдо шудааст, ки аз маводи гузошта, наворҳои видеоӣ, масъалагузориҳояш ифротӣ, ҷудоиандоз, ғайриқонунӣ буданаш ифшо мегардад. Ҳаракати номбурда, ки худро ба ном сиёсӣ ва номи Тоҷикистонро истифода кардааст, яқин аст, ки зодаи ТТЭ ҲНИ мебошад.

     Таъсисдиҳандагони он ғуломи кадом хоҷаи хориҷие ҳастанд, ки рушди босуботи давлати мо ва оромиву осудагии мардуми моро намехоҳад.

     Дар саҳифаи иҷтимоии ин ҳаракат маводи бемаънӣ, гуфторҳои бемаврид, бесаводона ва хусусияти экстремистидошта, баён намуда, наворҳои видеоии тундравона гузоштаанд.

     Ин бадсиратон то ҳол дарк накардаанд, ки мардуми тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатӣ хиёнаткоронро бо чашми худ диданд, амалу ниятҳои нопоки онҳоро хуб медонанд ва ба ин аҳриманон бовариву эътимод ва эҳтиёҷ надоранд.

     Шахсе, ки Ватани худаш — Тоҷикистон содиқ аст, ҳамеша дар ватан мемонад ва ба пешравии ин давлат саҳмгузор мегардад, онро ободу зебо мегардонад, на паси парда, зери қаноти хоҷаву амирони хориҷӣ пинҳон гашта, лошахӯрӣ мекунад.

Котиби  маҷлиси судии

суди шаҳри Хуҷанд Абдуллозода Х.