ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА, БО ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲ ДАР СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД.
Имрӯз дар Суди шаҳри Хуҷанд бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи тозагӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Дар раванди ин иқдоми муҳими ҷамъиятӣ роҳбарият ва кормандони суд фаъолона иштирок намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ саҳни бино, гирду атрофи он ва ҳамчунин дохили бинои судро тоза ва ба тартиб дароварданд.

Иштирокчиён бо анҷом додани корҳои тозакунӣ, ҷамъоварии партовҳо, шустушӯ ва ободонии муҳити корӣ барои фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди фаъолият саҳми арзанда гузоштанд.

Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин шанбегиҳо ба баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат намуда, барои таъмини фазои солиму озода заминаи мусоид фароҳам меорад.


Суди шаҳри Хуҷанд 