Шанбегӣ дар суди шаҳри Хуҷанд

Санаи 17 апрел дар Суди шаҳри Хуҷанд бо мақсади вусъати корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ шанбегӣ баргузор гардид.
Дар шанбегӣ Роҳбарият ва кормандони суд ба таври дастаҷамъона иштирок намуда, гирду атрофи бино ва дохили онро тоза намуда, барои ободу зебо гардонидани мавзеи атрофи бино, дар майдони дарахтон корҳои нармкунӣ ва сабзкорӣ ба анҷом расонида шуд.