СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲҲОИ СУДҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Тибқи нақшаи машғулиятҳои семинарӣ бо судяҳои суди вилояти Суғд, суди иқтисодии вилояти Суғд, суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2026, санаи 24.04.2026 сол, аз ҷониби судяи суди шаҳри Хуҷанд Додозода Мурод Абдуманнон дар мавзӯи “Хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазодиҳии ноболиғон тибқи моддаҳои 86-95 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, маърӯза карда шуд.

Аз ҷониби маърӯзачӣ қайд карда шуд, ки мавзӯи баррасишаванда хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазодиҳии ноболиғон — яке аз самтҳои муҳим ва ҳассоси сиёсати ҷиноятии давлат ба ҳисоб меравад. Зеро сухан дар бораи табақаи иҷтимоие меравад, ки ҳанӯз дар марҳилаи ташаккули шахсият қарор дорад.

Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолӣ, равонӣ ва иҷтимоии ноболиғон, барои онҳо низоми махсуси ҷавобгарӣ ва ҷазодиҳиро пешбинӣ намудааст, ки дар моддаҳои 86-95 Кодекси ҷиноятӣ муқаррар гардидааст.

Дар Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳама гуна мавҷудоти инсонии то синни 18-сола кӯдак ҳисобида мешавад.

Ҳар як инсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста мешавад, ҳақ дорад то замоне бегуноҳ дониста шавад, ки гуноҳаш дар мурофиаи ошкорои судие, ки дар он барои ҳимояи ӯ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд, бо тартиби қонунӣ исбот нагардидааст. (Эъломияи ҳуқуқи башар).

Тавре дар Эъломияи ҳуқуқи кӯдак зикр шудааст, «кӯдак, бинобар ба камолоти ҷисмонӣ ва фикрӣ нарасиданаш, ба муҳофизату ғамхории махсус, аз ҷумла, ҳифзи зарурии ҳуқуқӣ, чи то таваллуд ва чи баъди таваллуд, эҳтиёҷ дорад».

Дар моддаи 3-и Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак пешбинӣ шудааст, ки «Дар тамоми амалҳо нисбати кӯдак, сарфи назар аз он, ки онҳо аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ ё хусусии машҳул ба масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ, суд, мақомоти маъмурӣ ё қонунгузорӣ андешида мешаванд, ба таъмини ҳарчи хубтари манфиатҳои кӯдак таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад.»

Инчунин, ба кӯдак, аз ҷумла, имконият дода мешавад, ки дар ҷараёни ҳама гуна тафтишоти судӣ ё маъмурии ба кӯдак дахлдошта бевосита ё ба воситаи намоянда ё мақоми дахлдор, бо тартиби пешбининамудаи меъёрҳои мурофиавии қонунгузории миллӣ ақидаи худро баён кунад.

Ягон кӯдак наметавонад объекти дахолати худсарона ё ғайриқонунӣ дар татбиқи ҳуқуқҳои ӯ ба ҳаёти шахсӣ, ҳаёти оилавӣ, дахолатнопазирии манзил ё сирри мукотибот ё дахолати ғайриқонунӣ ба шаъну шараф ва эътибори ӯ бошад. Ҳар кӯдаке, ки вайронкунандаи қонунгузории ҷиноӣ ҳисобида мешавад ё барои вайрон кардани он гунаҳгор дониста мешавад бояд ақаллан чунин кафолатҳоро дошта бошад:

  • эҳтимоли бегуноҳӣ, то вақте ки гуноҳ мувофиқи қонун исбот карда нашудааст;
  • бетаъхиру бевосита ва дар мавриди зарурат ба воситаи волидайн ё сарпарастони қонунӣ огоҳонидани кӯдак аз айбдоркунии ӯ ва ҳангоми тайёрӣ дидан ва шуруъ кардан ба ҳимояи худ гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ва кӯмаки дигари зарурӣ;
  • мутобиқи қонун дар ҳузури адвокат ё шахси дигари дахлдор, ба шарте ки ин хилофи манфиати беҳтарини кӯдак набошад, аз ҷумла, бо дарназардошти синну соли ӯ ё аҳволи волидайн ё худ сарпарастони қонунии кӯдак, дар ҷараёни мурофиаи одилона гӯш кардани ӯ ва аз рӯи масъалаи мавриди баррасӣ бетаъхир қарор қабул намудани мақомоти салоҳиятдор, мустақил ва беҳараз ё суд;
  • озодӣ аз шоҳидии маҷбурии гувоҳӣ додан ё эътирофи гуноҳ; мустақилона ё бо ёрии каси дигар таҳлил кардани шаҳодати шоҳидони айбдоркунӣ ва таъмини иштироки баробарҳуқуқи шоҳидони ҳимоя дар мурофиа ва таҳлили шаҳодати онҳо;
  • агар чунин шуморида шавад, ки ин кӯӯдак қонунгузории ҷиноиро риоя накардааст, мувофиқи қонун қарори дахлдор ва ҳар тадбири вобаста ба ин қабулшударо такроран баррасӣ намудани мақоми болоии босалоҳият, мустақил ва беғараз ё суд;
  • кӯмаки бепули тарҷумон, агар кӯдак забони муҳокимаро надонад ё ба ин забон гaп назанад;
  • эҳтироми пурраи ҳаёти шахсии ӯ дар ҳамаи марҳалаҳои муҳокима.

Инчунин, ҳангоми тафтиш ва баррасии парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои категорияи номбурда бояд талаботҳои қонунгузории ҷорӣ, ҳам қонунгузории кишварамон ва ҳам санадҳои меъёри-ҳуқуқии байналмиллалӣ пурра ва ҳаматарафа риоя карда шаванд. Диққати мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва судҳо ба он ҷалб карда шавад, ки ҳангоми пешбурд ва баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон ба таъмини ҳарчи хубтари манфиатҳои кӯдак таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, тадбирҳои заруриро андешанд.

Ҳамчунин, маърӯзачӣ оиди синни ҷавобгарии ҷиноятӣ тибҷи моддаи 85 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои таъини ҷазо ба ноболиғон, ҳангоми таъини ҷазо суд бояд ба таври ҳатмӣ кадом ҳолатҳоро ба назар гирад, намудҳои ҷазо нисбати ноболиғон (моддаи 87 КҶ ҶТ), озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ (моддаи 89), чораҳои тарбиявии маҷбурӣ (моддаи 90 КҶ ҶТ), озод кардан аз ҷазо (моддаҳои 91-92), хусусиятҳои муҳлати ҷазо (моддаҳои 93-94), доғи судӣ ва бартарафшавии он (моддаи 95), самти умумии сиёсати ҷиноятӣ (моддаи 96), ҳамчунин, тартиби пешбурди парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон моддаи 424 КМҶ, моддаи 425 — ҳолатҳое, ки бояд муқаррар карда шаванд, моддаи 426.- ба пешбурди алоҳида ҷудо кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғ, моддаи 427 — татбиқи чораҳои пешгирӣ ва дастгир намудан нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшавандаи ноболиғ, моддаи 428 — тартиби даъвати гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ, моддаи 429 — пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ,  моддаи 430 — иштироки омӯзгор ва равоншинос (психолог), моддаи 431- иштироки намояндаи қонунии гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ дар тафтиши пешакӣ, моддаи 433 — иштироки намояндаи қонунии судшавандаи ноболиғ дар муҳокимаи судӣ, моддаи 435 — масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳукм нисбат ба судшавандаи ноболиғ ҳал менамояд, моддаи 436 — бо татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ ноболиғро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани суд, қайд намуда гузашт.

Илова намуд, ки дар таҷрибаи суди шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи дуюми соли 2025 — 22 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 28 ноболиғ ворид гардидааст. Аз ин нисбати 16 нафар корҳои ҳатмӣ, нисбати 1 нафар бо татбиқи моддаи 71 корҳои ислоҳӣ, нисбати 10 нафар барои содир намудани ҷинояти вазнин маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 — 9 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 12 ашхос, аз инҳо нисбати 9 нафар корҳои ҳатмӣ, нисбати 2 нафар барои содир намудани ҷинояти вазнин маҳрум сохтан аз озодӣ, нисбати як нафар ҷарима таъин карда шудааст.

Дар соли 2026, як адад парвандаи ҷиноятӣ нисбати ноболиғ Р.Т. барои содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 110 қисми 3 ва 237 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 ва 87 КҶ ҶТ ҷазои ниҳоӣ ба муҳлати 9 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми умумӣ таъин карда шуда, бинобар мувофиқат накардани ҷазои вазнин ва шахсияти судшавандаи ноболиғ бо таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд бо дастрасии моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми мазкур тағйир дода шудааст.

Бо ҷамъбасти гуфтаҳо метавон қайд намуд, ки хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон дар бар мегиранд:

— сабуктар будани ҷавобгарӣ,

— маҳдуд будани намудҳои ҷазо,

— афзалияти чораҳои тарбиявӣ,

— имконияти васеи озодкунӣ аз ҷавобгарӣ ва ҷазо, кам будани муҳлати ҷазо ва доҳи судӣ.

Ҳадафи асосӣ — ислоҳ, тарбия ва бозгардонидани ноболиғ ба ҳаёти солими ҷомеа мебошад. Самаранок татбиқ намудани ин меъёрҳо аз сатҳи дониши ҳуқуқӣ, масъулият ва муносибати инсондӯстонаи ҳар як судя вобастагии калон дорад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем ҳуқуқи ноболиғонро ҳифз намоем ва ҳамзамон адолати судиро таъмин намоем.

Судяи суди шаҳри Хуҷанд Додозода Мурод Абдуманнон