СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲҲОИ СУДҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Тибқи нақшаи машғулиятҳои семинарӣ бо кормандони дастгоҳи суди вилояти Суғд, суди иқтисодии вилояти Суғд, суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2026, санаи 24.04.2026 сол, аз ҷониби котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хуҷанд Абдуллозода Хусрављон Одил, вобаста ба мавзӯи “Иштироки шахсони хориҷӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки боби 43-и КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моддаи 391 то моддаи 396 бахшида шудааст”, маърӯза карда шуд.
Мавсуф, дар баромади худ вобаста ба талаботи моддаи 391 КММ оиди татбиқи қоидаҳои тобеияти судӣ, моддаи 392 — тобеияти истисноии судии парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ, моддаи 393 — тобеияти судии шартномавии парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ, моддаи 394 — тағйирнопазирии маҳалли баррасии парванда, моддаи 395 — оқибатҳои мурофиавии баррасии парванда аз ҷониби суди давлати хориҷӣ, моддаи 396 — супоришҳои судӣ, моддаи 397 — эътирофи ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти давлатҳои хориҷӣ додаанд, таҳия ё тасдиқ намудаанд, ќайд намуда, ҳамчунин иброз намуд, ки агар вобаста ба мавзӯи зикргардида ба таҷрибаи судӣ нигарем, муайян мегардад, ки дар семоҳаи аввали соли 2026, ба суди шаҳри Хуҷанд се адад супоришҳои судӣ, яъне аз шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия ва шаҳрҳои Пенза ва Санкт Петербурги Федератсияи Россия ворид гардида, супоришҳои мазкур бо назардошти Конвенсияҳои Созмони Миллати Муттаҳид «Оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ вобаста бо парвандаҳои оилавӣ, маданӣ ва ҷиноятӣ» дар доираи муҳлат ва талаботи пешбининамудаи КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида шудаанд.
Вобаста ба иштироки бевоситаи шахсони хориҷӣ дар баррасии парвандаҳои оилавӣ ва маданӣ дар давоми семоҳаи аввали соли 2026, дар таҷрибаи судии суди шаҳри Хуҷанд дида намешаванд.
Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хуҷанд Абдуллозода Хусравҷон Одил
Суди шаҳри Хуҷанд 