Семинар-тренинг «Дар мавзўи ташкил ва баргузор намудани нишасти матбуотӣ бо истифода аз технологияҳои коммуникатсионӣ ва кор бо сомонаҳо»

          Имрўз, санаи 4 апрели соли 2019 аз соати 09:00 то соати 14:00 дар толори Кохи матбуот бо иштироки Раиси суди шаҳри Хуҷанд ва Раисони судҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд, котибони матбуотӣ ва намояндагон аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон судя-стажер Шафо Беҳруз Назаралӣ ва сардори маркази матбуот Тураев Камолҷон Мавлонович семинар-тренинг «Дар мавзўи ташкил ва баргузор намудани нишасти матбуотӣ бо истифода аз технологияҳои коммуникатсионӣ ва кор бо сомонаҳо» баргузор гардид.

          Инчунин, дар қисмати дуюми он бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир ба баррасии парвандаҳо ва натиҷаи фаъолияти семоҳаи судҳои Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов баргузор гардид. Зимни нишаст мухбирони ВАО аз Раисони судҳои ноҳияи Б. Ғафуров ва ноҳияи Ҷ.Расулов ба саволҳои худ посух гирифтанд ва барои ташкили чунин нишаст арзу сипоси хешро иброз намуданд.