САОДАТИ МИЛЛАТ АБАДӢ БОД!

Чун аз боби Истиқлолият сухан равад гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотир меояд, ки Истиқлолиятро чун шарафу саодат ва неъмати бебаҳои миллат баҳо додаанд.

Оре, ин ганҷи давлату мардуми соҳибхиради мост ва чун муқаддасоти миллӣ арзёбӣ мегардад.

Шукр бояд кард, ки мо чун яке аз қадимтарин миллат имрўз соҳибдавлату мустақил ҳастем. Конститутсияи худ ва рамзҳои давлатдорӣ дорем. Бо шарофати якдиливу ваҳдат диёрамонро бо меҳнати софдилона обод мекунем. Барои тинҷиву осудагӣ кўшиш менамоем. Медонем, ки зиндагонии осоишта мувафаққияти бузургест, ки бо талошу ҷонбозиҳои сардори давлатамон ба даст омадааст. Зарур аст, ки шаҳрвандони мо ҳамин соҳибихтиёриро қадр намоянд ва ҳифзи он омода бошанд. Он гоҳ соҳибмухтории мо бақо хоҳад ёфт.

Тамоми мардуми ватандўсти худро бо зинаи 28-умин сол – соли худогоҳӣ таҳният мехонам. Бошад, ки ҳамасола сулҳу истиқлол ҳукмфармои фазои Тоҷикистони азиз гардад.

Гулрухсор Мазбутова, котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хуҷанд

Маҷаллаи «Моҳтоб» №8, 2019