Роҳбари «Ошхонаи оилавии Фарзона» ҷарима шуд

Ба фурӯш баровардани маҳсулотҳои ба саломатии инсон хавфнок дар ошхомаҳо вақтҳои охир бисёр ба чашм   расида,   роҳбарони   онро мебоист пеш аз манфиати худ, фикри солимии миллат кунанд.

Суди шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ иисбати роҳбари ҶДММ «Ошхонаи оилавии Фарзона», З.Р. истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 209 қисми I КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, муайян кард, ки судшаванда аз 2 январи соли 2019 то инҷониб ба ҳайси роҳбари ҶДММ «Ошхонаи оилавии Фарзона» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда, талаботҳои моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро дағалона вайрон намуда, дар ошхона маҳсулотҳои хӯрокаи мӯҳлати истеъмолашон гузашта, барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон хавфнокро ба фурӯш ва пешниҳод ба мизоҷон кардааст. Санаи 11 майи соли 2019, аз ошхонаи ҶДММ «Ошхонаи оилавии, Фарзона» гўшти хоми резаи осартӣ ба миқдори 1,70 кг, чарбуи чорвои майдаи шохдор ба миқдорм 5,45 кг ва гӯшти чорвои калони шохдор барои рулет ба миқдори 6,8 кг дар маҷмуъ 13,95 кг ба маблағи 448 сомонӣ 25 дирам, консерваҳои сабзавоти худсохти хонагии ҳаҷмашон ду литра ба маблағи 400 сомонӣ, ки арзиши умумии ҳамаи маҳсулотҳои болозикргардида 848 сомонӣ 25 дирамро ташкил медод, дарёфт гардида, тибқи санад гирифта шуд.

Тибқи хулосаи Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, миқдори 1,70 кг гӯшти резаи осартӣ, миқдори 5,45 кг чарбуи чорвои майдаи шохдор ва микдори 6,8 кг гӯшти чорвои калони шохдор, ки дар маҷмуъ 13.95 кг-ро ташкил медод, ки маҳсулотҳои мазкур ба судшаванда таалуқ дошт. Ин маҳсулотҳо дар таркибашон чӯбча, микробҳои навъи кокк, диплококк ва бактерияҳои гуруҳҳои чубчашакли рӯдаҳодошта пайдо гашт, ки истеъмолашон манъ аст. Ҳангоми истеъмоли маҳсулотҳои мазкур истеъмолкунанда ба бемориҳои минингит, пневмония, бронхит, дарунравии шадид гирифтор мешавад. Дар маҷмӯъ бактерияҳои дар таркиби маҳсулотҳои дарёфтгардида ба талаботи бехатарии барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкумандагон ҷавобгӯ набуда, истеъмоли он ба беморӣ оварда мерасонад.

Тибқи маълумотномаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемеологии шаҳри Хуҷанд ва натиҷаи ташхиси лабораторӣ (протоколи ташхис миқдори 50 адад консерваҳои сабзавоти худсохти хонагӣ дар банкаҳои ғунҷоишашон ду литра ба маблағи умумии 400 сомонӣ дар худ нишонаҳои аввалини вайроншавӣ, яъне мағор кардан, пайдошавии бӯйи баланди туршӣ, тирашавии ранги шарбати консерваро доро мебошад дарёфт гаштааст, ки истеъмоли консерваи мазкур сабаби сар задани заҳролудшавии истеъмолкунандагон ба бемории ботулизм шуданаш аз эҳтимол дур нест. Судшаванда З.Р. дар рафти мурофиаи судӣ худро айбдор ва пурра гунаҳгор шуморида, аз кирдораш пушаймон шуд.

Суд кирдори судшавандаро бо моддаи 209 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки   ҷавобгарии   ҷиноятиро   барои истеҳсол, нигоҳ доштан ва интиқол додан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ҷавоб намедиҳад 5500 сомонӣ ҷарима бо маҳрум намудан аз хуқуки машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати як сол ҳукм кард.

Ҷўрахон РАҲМОН,

муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд