Рўзи Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

Қаҳрамониҳое, ки фарзандони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон доданд, сазовори таҳсин аст.

Эмомалӣ Раҳмон

         Роҳбарият ва кормандони суди шаҳри Хуҷанд бо камоли эҳтиром ҳамаи Шумоён ҳамдиёрони азизро бо фарорасии Рўзи Ғалаба шодбош намуда, бароятон осмони софу беғубор, осоиштагиву фароғат ва рўзгори саршор аз неъматро таманно доранд.

Корнамоию диловариҳои шаҳрвандони давлати Шўравӣ, аз ҷкмла фарзандони баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, номи неку амали хайри онҳо намунаи баланди ватандўстиву хештаншиносӣ ва ифтихору ибрати наслҳои имрўзу оянда мемонад.

Бигзор бо пайғоми ин иди зафар сокинони кишварро файзу нусрат, матонату қаҳрамонӣ ва садоқату ғайрат дар роҳи дўст доштан ва ҳимояи марзу буми меҳан ёр бошанд.

  Рўзи Ғалаба – тантанаи ҷасорату футувват фархунда бод!