Парчами миллӣ — яке аз рукнҳои муқаддасоти давлатдории миллист

Имрӯз арҷгузорӣ ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дар соли барои хамаи мо хотирмон ва таърихи 30 солагии Истиклолияти кишвари азизамон баргузор гардида истодааст, ба ин муносибат ҳамаи Шумоёнро ба муносибати таҷлили ин Иди муқаддаси давлатию миллӣ сидқан табрику таҳният мегӯям.

Парчам ҳанўз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукўҳу ифтихор ва нангу номус будааст.

Ин дар заминаи давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон чун суннати бисёр қадимаи таърихӣ маънидод мешавад. Аҷдоди мо ҳанўз аз замони Каёниён соҳиби парчам-дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард.

Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад. Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд.

Боиси шарафмандӣ аст, ки ба файзи истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ, чун таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони худ гаштанд.

24-уми ноябри соли 2009 бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни нави миллӣ — Рўзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Соли равон маротибаи ҳаштум мешавад, ки мардуми сарбаланду саодатманди тоҷик бо ифтихор аз тамаддуни оламгири пешин ва шукргузорӣ аз ваҳдату суботи имрўз ба Парчами миллӣ — яке аз рукнҳои муқаддасоти давлатдории миллии хеш арҷ мегузорад.

Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар зеҳн ва тафаккури мардум ҳамчун иҷлосияи сарнавиштсоз устувор шудааст, дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақш ва мавқеи ҳалкунанда дошт. Дар баробари ҳалли фаврии масоили истиқрори сулҳ, авфи гуноҳи иштирокдорони муноқишаҳои дохилӣ, дарёфти роҳи наҷоти миллат аз буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ва мушаххас намудани самтҳои рушди кишвар дар рўзи 9-уми иҷлосия — 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ гардид. Ҳамин тавр, иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии мамлакат, ки сароғози таҳаввулоти бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми идории кишвар ба ҳисоб мерафт, бо тасдиқи Парчами давлатӣ ба ҷаҳониён исбот кард, ки эҳёи давлати миллии тоҷикон аз эҳёи яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ-Парчами мамлакат оғоз ёфта, роҳбарияти олии он нияти неки зери ин Парчам муттаҳид намудани тамоми қишрҳои ҷомеа ва ба шоҳроҳи тамаддун ворид намудани Тоҷикистони тозаистиқлолро дорад.

Ниҳоят баъди пурра ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд, ки тибқи он нишонаҳои Парчам, тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӣ гардид. Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуд, ки дар он тартиби афрохтани Парчам ва  ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардида, Парчами давлатӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуд. Қонуни мазкур 12-уми майи соли 2007 қабул гардид. Дар пешгуфтори ин қонун оварда мешавад, ки «Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Инчунин, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонунеро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод намуд, ки тибқи он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» тағйирот ворид шуда, 24-уми ноябр ҳамчун рўзи ид эълон карда шуд. Қонуни мазкур 19-уми ноябри соли 2009-ум қабул шуда, тибқи моддаи 2-юми он, ки «Рўзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад, 24-уми ноябр — Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон шудааст.

Эътироф шудани Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ҳаммаънои самимона дўст доштани Ватани маҳбуб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб замину ҳар қатра оби зулоли он аст. Аз таҷрибаи давлатдории кулли кишварҳои олам аст, ки мардумони тамоми дунё муҳаббати хешро ба ватан маҳз тавассути рамзҳои он, аз ҷумла Парчам ифода мекунанд.

Парчами парафшон ифодаи ободии ватан ва акси он таназзули ҳар мамлакат аст.

Дар ганҷинаи забони тоҷикӣ шояд аз калимаи «парчам» дида, сермаънотар вожае набошад. Парчам ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун. Парчам пайванди дирўзу имрўз, қутбнамои фардои нек, ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагӣ…

Бояд таъкид намуд, ки ойини парчамдории миллати сарбаланди тоҷик таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, шарифмандӣ ва забону фарҳанги худро ҳимоят  кардаанд. Аз ин ҷост, ки эҳтироми парчами миллӣ қарнҳост, ки дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шудааст.

Парчами миллӣ, қабл аз ҳама, нишонаи возеҳи мустақилият ва соҳибихтиёрии ҳар қавму миллат ва сарзамин аст. Дар ҷаҳони имрўз ҳар кишваре, ки соҳибихтиёр аст, дорои парчам, нишон ва суруди хеш аст. Гуногунрангии парчамҳо гувоҳи шумораи зиёди кишварҳо ва аломатҳои гуногуни дар парчамҳо сабтшуда гувоҳи тамаддуну фарҳангҳои аз ҳам фарқкунандаи давлатҳост. Ин рангорангии манзараро дар Созмони Милали Муттаҳид дидан мумкин аст, ки ба он 193 кишвари олам аъзо буда, ҳамин миқдор парчамҳои миллии кишварҳо болои бинои он парафшонӣ мекунанд.

Парчами давлати мо, мисли дигар парчамҳои кишварҳои ҷаҳони имрўз, ишора ба ормонҳо мекунад. Ба таври хеле одӣ рамзиёти  парчамро чунин шарҳ додан мумкин аст:

РАНГИ СУРХ: Мо қабл аз он ки ба истиқлол бирасем, роҳи тўлонии таърихро тавассути ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи диёр тай кардем, ки ин маънӣ аз ранги сурхаш бармеояд.

РАНГИ САФЕД: Ҷавҳари миллати куҳанбунёди моро озодагӣ, олиҳимматӣ ва покизагии дину ахлоқу маънавият ташкил медиҳад, ки ин ишора ба ранги сафеди парчам аст.

РАНГИ САБЗ: Заҳмати созандаву ободкорӣ беҳтарин фазилати мардуми мост, ин ишора ба ранги сабзаш аст.

Тоҷи 7 ситорадоре, ки дар маркази парчам аст, ишора ба таърихи беш аз 6-ҳазорсолаи давлатдорӣ мекунад.

Ҳамзамон, ҳафт ситора дар атрофи тоҷ дар ибтидо — таҷассуми 7 минтақаи сарзамини Ориё ва яке аз маъниҳои муосираш — 7 минтақаи таърихиву фарҳангии Тоҷикистони имрўза — Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Вахш, Хатлон, Рашт, Бадахшон маънидод мешавад.

       Ҳамчунин ба ҳар як фарди шарафманд ва ватандўсту ватанпарварро зарура аст, ки  аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намоянд.

Дар охир орзумандам, ки Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи шарафмандии миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.

Моҳияти асосии Парчам дар баёни ормонҳои миллӣ фаҳму дарк мешавад. Бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, таъмини зиндагии шоиста ба ҳар шаҳрванд, пешрафту шукуфоии кишвар ва бахту саодати ҳар як сокини Тоҷикистон ормонҳоест, ки дар Конститутсияи  мамлакат зикр шудаанд.

Дар фаранҷоми сухан, бори дигар ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шумоёнро табрику муборак намуда, саломатии бардавом, хотири ҷамъу зиндагии осуда ва дар фаъолияти кориатон барору комёбӣ таманно дорам.

Коромўз-судя

Муҳаммадӣ Гулрух