Парчами давлатии Тоҷикистон – Рамзи давлатдорӣ

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ҳамчун иди миллӣ 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоллию соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта шуд.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми шарифи мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ин ҷашни нави миллӣ ва давлатӣ табрик намуда, зикр сохтанд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои мӯҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва  рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Яке аз санадҳои мӯҳиме, ки Парчамро рамзи давлатӣ эълон менамояд, ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ватандорӣ аз дӯстдории ватан, омодагии ҷоннисориҳо барои пояндагӣ ва волояти он, ҳимояи марзу буми он, посдории забон, фарҳанг, ҳифзи манфиатҳои он ибтидо мегирад, эҳтиром ба  муқаддасот, фаҳмиши вуҷудияти он, то ба фаҳмиши дигарон расонидани арзишҳои он, арҷгузорӣ ба он ва то ба наслҳои оянда  расонида тавонистани он иборат аст.

Ҳисси дӯстдории рамзҳо, арҷгузорӣ ба муқаддасоти он аз шири модари ватандӯст, волидайни дорои ғурури миллӣ, оилаи бофарҳанг, дарси ӯстоди меҳанпараст, шеъри шоири ватандӯст, қонунҳои дархури рушди ин ватан, санадҳои одилона дар бунёди инсон тавлид ёфтаву камол меёбанд ва боиси ташаккули инсони комил, ободгари ин сарзамин, эъморгари ҷомеаи адолатпарвар мегардад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ»  омадааст, ки эҳтироми волои парчам, нишон ва суруди Миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои мӯҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Ҷашни рӯзи парчам эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне  ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик, ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд, эҳтиром ба рӯҳи равони Коваи оҳангару Куриши кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рудакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон гузаштагони мост.

Тоҷикон дар парчамдорӣ таърихи кӯҳан доранд ва ин худ  далели маърифати баланду нишони дорои анъанаҳои кишваророӣ будани эшон аст. Парчам аз аҳди қадим барои тоҷикон  рамзи иттиҳоду пирӯзӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шуҷоату далерӣ будааст.  Бостоншиносон истифодаи онро ҳануз дар солҳои то милод таъкид ва собит намудаанд. Халқи  тоҷик, ки дар замони Куруши кабир соҳиби эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда дирафш — парчамро ба миён овард. Имрӯз ҳеҷ давлатеро бе парчам тасаввур наметавон намуд.

Барои ҳамчун рамзи давлатӣ пазируфтани он соҳаи ҳарбӣ нақши муҳим бозидааст. Аз аҳди бостон парчам ифодагари маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва нерубахшу ҳидоятгари он ба пирузӣ будааст. Забти парчами як лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирӯзӣ бар онро дошт. Фориғ аз сафкашию ҳарб парчами лашкар ба таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорат ва ҳимоя мешуд ва ин анъана то ба имрӯз боқист.

Вакилони мардумӣ дар иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ суруди миллӣ ва нишони давлатӣ дар сари пазириши тарҳнамудани парчами давлатии Тоҷикистон  баҳс оростанд, табодули афкор карданд ва санаи 24.11.1992 сол Ҷумҳурии Тоҷикистон  расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолияти худ — Парчами давлатӣ гардидааст. Пас аз таҳия ва баррасӣ дар маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  12.05.2007 сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо намуд, ки аз ду боб иборат аст.

Соли 2009  бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак бо тартиби ворид намудани илова ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбати муқаддасоти миллат, аз ҷумла парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии моро ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ донистааст.

Дар назди Парчами давлатӣ Президенти Ҷумҳурӣ то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд ва ин парчам ба шарафи тантанаҳои миллӣ, ҳамоишҳои расмӣ, пирӯзиҳои варзишгарон барафрохта мешавад ва зери садои суруди миллӣ боло бардошта мешавад. Дар рӯзҳои ҷашн парчами давлатӣ пешбинои идораву созмону ташкилотҳои гуногуни мамлакатро оро медиҳад ва меҳру муҳаббати халқро ба ин муқаддасот ифода мекунад. Ба ифтихори 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қасри миллат баландтарин парчами ҷаҳон афрохта шуд, ки ҷашни он симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол муқтадир ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

Бо мақсади муайян намудани моҳият ва тартиби дурусти истифодаи Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 марти соли 2007 қабул гардид, ки тартиби истифодаи нави рамзҳои давлатиро муайян менамояд. Қонуни мазкур аз панҷ боб иборат буда, боби 2-юми он ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Дар миёни рамзҳои давлатӣ Парчам нақши махсус дорад, зеро он ифодакунандаи мақсаду маром ва нияту орзуҳои миллат буда, дар низоми давлатдории миллии мо мебошад.

— Бошад, ки парчами давлатии Тоҷикистон бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ намояд.

Судяи суди шаҳри Хуҷанд,

  Маҳмадсаидзода Рустам Маҳмадсаид.