Парчам симои давлатро устувор нигоҳ медорад.

Гузашти солҳо собит намуд. ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатхои миллӣ, тахким бахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад.

Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳукуқбунёд ва иҷтимоӣ мақсад ва вазифаи асосии давлат буда, кафолати амалигардидани онҳо дар Конститутсия муқаррар карда шудааст. Ва имрӯз ба гузашти солҳо назар намуда, афкору пайкору амалу суботи кишвари соҳибистиқполи мо ба мазмуни болиғ бозтобе доранд. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) рамзҳои давлати навини тоҷикон – Конститутсия, Прачаму Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ ва мазмуну мӯҳтавои ҳамаи ин муқаддасоти миллии тоҷикон бо эҳсоси гарми ватандорӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти шаҳрвандӣ падид оварда шуданд. Аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ҳанӯз 30 сол муқаддам дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ дар толори Қасри Арбоб парафшонй намудааст. Ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлати мустақили тоҷикон таҷлил карда мешавад, ки ин раванди ҳувияти худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву азму суботи сиёсиву иҷтимоии мардуми соҳибсаодати моро баланд мебардорад.

Парчами миллии мо ифтихори мо, мардумони тоҷик буда, он муаррифгари давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар саросари умумибашар будаву ҳаст. Фазой орому осоиштаи кишвар, дар навбати худ бо парафшониву ҷилои Парчами давлатӣ, барои рушди бонилакати шукуфои мо шароит, муҳит ва мавқеи хос фароҳам овард.

Дар ин масир бояд зикр намуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввал мушкилтарин имтиҳонҳоро паси cap кард. Ва бо гузашти солҳо, дар меҳвари сиёсати хирадмандона, ҳидоятҳои оқилонаи Асосгузори сулҳу вахдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаи муҳими давлатдории навин эҳё гардид ва бо ин мақоми шоиста ёфтани кишварамон бо роҳбарии Сардори давлат, яъне, Ҷумҳурии Тоҷи- кистон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифй шуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати асосгузори дипломатияи Тоҷикистони муосир тавонистанд кишвари навини тоҷиконро дар сиёсати бузург муаррифй карда, ба он ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ нуфузи бештар бахшанд. Ва хушбахтии бузурги мост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҷило ва парафшонии Парчами миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ эътироф гардидааст ва Роҳбари давлатамон ба сифати шахсияти муваффақи сатҳи байналмилалӣ эҳтиром доранд.

Парчами миллии мо бо парафшониву ҷилои худ ба асоси осудагиву саодати халқ гувоҳӣ медиҳад, ба якдиливу иттиҳод дар Тоҷикистони азиз рисолат мебахшад, ба волоияти қонун, таҳким ва ба ваҳдату озодиву умеди зиндагй, шукуфоӣ ва пешрафту тараққиёт арҷ мегузорад. Эҳтироми ҳукуқу озодиҳои инсон вазифаи ҳам давлат ва ҳам ҳар узви ҷомеа мебошад. Аз як тараф, давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд, аз тарафи дигар, ҳар шахсе дар Тоҷикистон вазифадор аст, ки ҳуқуқу озодихои дигаронро низ эҳтиром намояд. Дар сурати риоя накардани ин вазифа шахсе ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, аз ҷумла ба ҷавобгариҳои моддй (гражданӣ), маъмурй ва ҷиноятӣ. Дар ин масир Конститутсия сарчашмаи ҳуқуқ бошад, Парчами милли ҳувияти миллист.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалй Раҳмон таъкид менамоянд: “Ба ҳар фарди дилсӯз ва банангу номуси миллату Ватан лозим аст, ки ба хотири ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз ва сарсабзии ҳар як гӯшаи он софдилонаву содиқона хизмат карда, ба ободй ва сарватудороии сарзамини аҷдодиамон гамхорона муносибат намояд ва ҳамеша дар фикри он бошад, ки наслҳои оянда аз мову шумо, яъне падарону гузаштагони худ ифтихор карда тавонанд”.

Дар охир, фармудаи яке аз мутафаккирони миллатро иқтибос меоварам:

Дари комронӣ ба ганҷ андар аст, Калиди дари ганҷ ба ранҷ андар аст.

Раиси суди шаҳри Хуҷанд:

ҲОҶИЗОДА Мирзошариф Мирзораҳмат