Паём-роҳ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон
Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими стратегии давлатӣ, дар раванди батанзимдарории муносибатҳои иҷтимоӣ нақши асосӣ дорад, ироа гардид.
Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷи кишварро муайян намуда, ба ҷомеа, бахусус ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Паём чун санади стратегӣ, хусусияти ҳам гузоришӣ ва ҳам ҳадафгузориро дорост, яъне дар он натиҷаҳои давраи гузашта арзёбӣ гардида, ҳадафҳои нав бо мақсади иҷроиш пешниҳод мегарданд, ки нуқтаҳои асосиро дар самтҳои гуногуни давлатӣ муайян месозанд.
Пешвои миллат дар Паёми имсола таваҷҷуҳи асосиро ба тағйирёбии босуръати равандҳои ҷаҳонӣ, таъмири технологияҳои муосир ба иқтисод ва ҷомеа, таҳдидҳои нави амниятӣ, масъалаҳои таҳйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ равона намуданд. Пешвои миллат зарурати гузариш ба иқтисоди рақамӣ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасониҳои электронӣ ва шаффофияти равандҳои идоракуниро таъкид намуда, рушди кадрҳои ҷавони дорои малакаҳои рақамиро шарти асосии пешрафти кишвар арзёбӣ намуданд.
Инчунин, дар баррасии самтҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба соҳаҳои муҳими иҷтимоии мамлакат низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, ҳамаи ҷанбаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла бахшҳои маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг, таълиму тарбия, ҷавонон, занон, варзиш, беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, амният ва субот дар ҷомеа, мубориза алайҳи қонуншиканӣ, терроризм, экстремизм, пешгирӣ ва паҳншавии фарҳанг ва ғояҳои бегона ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ва ҳоказо бо назардошти пешрафт ва камбудиҳои ҷойдошта матраҳ гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки Паёми имсола ҳамчун оинаи муваффақияти имрӯзу ояндаи кишвар ба инъикоси пешрафтҳои навини кишвари биҳиштосоямон нигаронида шуда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҷмон нақши ҷавонон низ дар баробари дигар қишри фаъоли ҷомеа дар ҳама самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии мамлакат назаррас арзёбӣ гардид.
Зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат чунин иброз намуданд: “Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем!.
Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд. Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд. Мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва чорањои овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯӣ менамоем.”
Нуқтаи муҳими Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва рақамикунонии соҳаи маориф зоҳир гардид. Ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат самаранок истифода намуда, дониш, малака ва ҷаҳонбинии худро мутобиқ ба талаботи замони муосир рушд диҳанд.
Ҷавонон пайрави асили Пешвои муаззами миллат, давомдиҳандаи кору пайкари неки насли кишвар ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони биҳиштосоянд. Паёми Пешвои муаззами миллат, роҳнамо ва нақшаи корӣ барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии давлат ва саодати рӯзгори халқ, шукуфоиву пешрафти Тоҷикистони азиз, созандагиву бунёдкорӣ, пайки саодати фардо ва дар маҷмуъ, роҳнамо барои ҳар яки мо сокинони шарафманди Тоҷикистони азиз аст.
Аз ин рӯ, мо ҷавонон ва кулли сокинони кишварро мебояд, ки доир ба иҷрои дастур ва супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат бандем ва заррае ҳам бошад, саҳми худро дар шукуфоии кишвари азизамон-Тоҷикистон гузорем.
Мо ҷавонон дар якҷоягӣ минбаъд низ Пешвои муаззами миллатро бовар мекунонем, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, сиёсати хирадмандона ва дурандешонаашонро ҷонибдорӣ намуда, бо пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат дар рушди созандагию бунёдкорӣ кӯшиш менамоем. Мо бо Пешвои арзандаи худ ифтихор дорем ва содиқ мемонем.
Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хуҷанд Олимзода Г.О.
Суди шаҳри Хуҷанд 