Ободонию бунёдкорӣ дар суди шаҳри Хуҷанд

Бо мақсади иштирок дар татбиқи чорабиниҳои банақша гирифташудаи ободонию бунёдкорӣ ва таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва маросими таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар суди шаҳри Хуҷанд тарғиби васеи моҳияти Истиқлолият, озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, арзишҳои неки миллӣ ва корҳои ободонию бунёдкорӣ бо мақсади ободу зебо гардонидани бинои суд ва гирду атрофи он ба роҳ монда шудааст.