Ноболиғи ҷинояткор ҷазо гирифт

Ноболиғ Мамаджоджаев М.И., ки қаблан, бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 8 январи соли 2019 барои содир намудани дуздӣ ба ҷавобгарии  ҷиноятӣ кашида шудааст ба худ хулосаи лозима набароварда, моҳияти татбиқи ҷазои ҷиноятиро дарк накарда, роҳи ислоҳшавиро низ пеш нагирифтааст, боз такроран ба чунин ҷиноят даст зада бо мақсади дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр санаи  30 март тахминан соати 11-00 дақиқа дар ҳудуди кўчаи Исмоили Сомонӣ, рў ба рўи бинои бонки «Арванд» дар шаҳри Хуҷанд ба назди автомашинаи тамғаи «Опел-Астра-Ҷ», рангаш сафед, ки ба ронанда М.М.Ф. таалуқ дошта, дар канори роҳи мошингарди кўчаи Исмоилӣ Сомонӣ қарор доштааст ҳозир гашта, бо мақсади амалӣ намудани мақсади ғаразноки худ, аз фурсати мусоид, яъне кушода будани дари тарафи рости оқиби автомашинаи мазкур, набудани ронанда ва атрофиён истифода намуда, тариқи пинҳонӣ аз дохили он, аз бағоҷи дар поёни магнитафони автомашина қарор дошта, як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Гелекси С-5», рангаш сафед, арзишиш 500 сомонӣ, ки дар дохилаш як адад симкорти ширкати «ТСЕЛЛ» арзишаш 10 сомонӣ ва маблағҳои пулӣ ба миқдори 71 сомониро тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба ҷабрдида М.М.Ф. ба маблағи умумӣ 581 сомонӣ зарари ҷиддии моддӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задани шудааст, ки бо сабабҳои аз ў вобаста набуда, кирдори ҷинояткоронаи худро ба охир расонида натавониста, аз тарафи худи М.М.Ф. боздошт карда шуда, ноболиғро ба кормандони милитсия супоридааст.

Мамаджоджаев М.И. бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 1 майи соли 2020 дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 32 қисми 3-244 қисми 2 бандҳои «а,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин қисми модда 2 (ду) солу шаш моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии тарбиявӣ дорои низомаш умумӣ ҷазо таъин карда шудааст.