Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 23 апрели соли 2023 бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “а,д”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судшаванда И.Н.Т. ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, такроран дар ҳолати ретсидиви хавфнок даст ба ҷиноят ба муқобили барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан додан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, ба микдори начандон калонро дар ҳолатҳои зерин содир кардааст.

Чунончӣ; моҳи январи соли 2021 ба кормандони оперативии ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маълумоти оперативӣ ворид гардидааст, ки И.Н.Т. бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор машғул мебошад ва баҳри ошкор намудани кирдори ҷинояткоронаи охирон аз тарафи кормандони оперативии шўъбаи мазкур, амалиёти оперативии «хариди озмоишӣ» ба нақша гирифта шуда, ба ин амалиёт харидори шартӣ бо тахалуси «Анвар» ворид карда шудааст.

Санаи 25 январи соли 2021 тахминан соати 10:00 дақиқа И.Н.Т. такроран бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани маводи нашъадор, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 18, кўчаи Р.Ҳоҷиев, назди «Ҷумъабозор» бо харидори шартӣ бо тахалуси «Анвар», ки баҳри ошкор намудани кирдорҳои ҷинояткоронаи номбурда сафарбар карда шудааст, вохўрда, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт аз харидори шартӣ маблағи пулӣ ба микдори 1200 сомонӣ гирифта, худи ҳамон рўз тахминан соати 14:00 дақиқа дар суроғаи мазкур ба ивази маблағи гирифтааш, ба харидори шартӣ маводи нашъадор додааст, ки он аз тарафи кормандони оперативии милитсия гирифта шудааст.

Боз И.Н.Т. маротибаи дуюм санаи 19 апрели соли 2021 тахминан соати 11:00 дақиқа такроран, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани маводи нашъадор, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 18, кўчаи Р.Ҳоҷиев, назди «Ҷумъабозор» бо харидори шартӣ бо тахаллуси «Анвар», ки баҳри ошкор намудани кирдори ҷинояткоронаи номбурда сафарбар шудааст, вохўрда аз харидори шартӣ маблағи 1200 сомонӣ гирифтааст. Сипас И.Н.Т. санаи 22 апрели соли 2021 тахминан соати 15:00 дақиқа дар суроғаи мазкур ба ивази маблағи гирифтааш, ба харидори шартӣ маводи нашъадор додааст, ки он аз тарафи кормандони оперативии милитсия гирифта шудааст.

Боз И.Н.Т. маротибаи сеюм санаи 23 июни соли 2021 тахминан соати 10:00 дақиқа, такроран бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани маводи нашъадор, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 8, бо харидори шартӣ бо тахаллуси «Анвар», ки баҳри ошкор кардани кирдори ҷинояткоронаи охирон сафарбар шудааст, вохўрда маблағи 1200 сомонӣ гирифтааст. Сипас И.Н.Т. санаи 24 июни соли 2021 тахминан соати 16:00 дақиқа дар суроғаи ноҳияи Б.Ғафуров, Ҷамоати Ёва, бар ивази маблағи гирифтааш, ба харидори шартӣ маводи нашъадор додааст, ки минбаъд он аз тарафи кормандони оперативии милитсия гирифта шудааст.

Боз И.Н.Т. маротибаи чорум санаи 26 майи соли 2022 тахминан соати 12:00 дақиқа, такроран бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани маводи нашъадор, дар ҳудуди Хуҷанд маҳаллаи 8, бо харидори шартӣ бо номи тахаллуси «Анвар» вохўрда, маблағи 600 сомонӣ гирифтааст. Сипас И.Н.Т. санаи 27 майи соли 2022 тахминан соати 14:30 дақиқа дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 8, ба ивази маблаги гирифтааш, ба харидори шартӣ маводи нашъадор додааст, ки минбаъд он аз тарафи кормандони оперативии милитсия гирифта шудааст.

Боз И.Н.Т. маротибаи панҷум санаи 26 июни соли 2022 тахминан соати 17:30 дақиқа, такроран бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани маводи нашъадор, дар ҳудуди Хуҷанд маҳаллаи 8, бо харидори шартӣ бо тахаллуси «Анвар» вохўрда, маблағи 12000 сомонӣ гирифтааст. Сипас И.Н.Т. санаи 30.06.2022 сол тахминан соати 17:00 дақиқа дар суроғаи ноҳияи Б.Ғафуров, Ҷамоати Ёва, кўчаи Ҷ.Бобокалонов, ба ивази маблағи гирифтааш, ба харидори шартӣ маводи нашъадор додааст, ки минбаъд он аз тарафи кормандони оперативии милитсия гирифта шудааст.

Инчунин И.Н.Т. маротибаи шашум санаи 03 июли соли 2022 тахминан соати 17:30 дақиқа такроран бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани маводи нашъадор, дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 8, бо харидори шартӣ бо тахаллуси «Анвар» вохўрда, ба ивази маблағи қаблан гирифтааш, ба харидори шартӣ маводи нашъадор додааст, ки он аз тарафи кормандони оперативии милитсия гирифта шудааст.

Санаи 09 марти соли 2023 ҳангоми гузаронидани амалиёти оперативӣ И.Н.Т., ки бо муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадор машғул будааст, дастгир карда шудааст. Дар умум дар рафти гузаронидани чорабинии оперативӣ аз И.Н.Т. дар шаш ҳолат ҳамагӣ 234 «дусаду сиву чор» грамм маводи нашъадори навъи «Афюн» гирифта шудааст.

Дар маҷлиси судӣ судшаванда И.Н.Т. худро бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “а,д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра гунаҳгор ҳисобид.

Суд бо назардошти шахсияти судшаванда И.Н.Т.  ки ҷиноятро содир намудааст, ҳамзамон хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амали судшаванда ба хулоса омад, ки нисбати судшаванда И.Н.Т.  ҷазои дар раводиди моддаи 200 қисми 3 бандҳои “а,д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи моддаи 58-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳи дорои низоми сахт таъин намояд.

Дар натиҷа бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 23 апрели соли 2023 И.Н.Т. дар содир кардани ҷиноят бо  200 қисми 3 бандҳои “а,д”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “а,д”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 9 (нӯҳ) бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шавад.

 

Раисикунанда:                                             Дустзода М.Т.

 

Ҳамзамон бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 23 апрели соли 2023 бо мақсади дар оянда роҳ надодан ба чунин камбудиҳо, ба хулоса омад, ки оиди камбудиҳои ҷойдошта ба унвони сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров барои чораҷўӣ намудан таъиноти хусусии маҷлиси судро ирсол намуд.

 

Раисикунанда:                                              Дустзода М.Т.