ҚАРОРИ СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД АЗ САНАИ 19 МАРТИ СОЛИ 2026 БО МОДДАИ 90 ҚИСМИ 1 КҲМ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҳти раисикунанда Дустзода Миршакар Тошмурод, дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои факултаи санъати МД «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.А. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, бо моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар мурофиаи судӣ муайян карда шудааст, ки ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.А. ҳамчун падар уҳдадории худро дар таълими фарзанди ноболиғаш М.М.Р., таваллудаш 5 сентябри соли 2008, хонандаи синфи 10-и МТҒ “Мактаби хусусии ба номи Аҳмади Дониш” иҷро накардааст, ки дар натиҷа фарзанди ноболиғаш дар давоми чоряки сеюми соли хониши 2025-2026 дар моҳҳои январ ва феврали соли 2026 бе сабаб 80 соати дарсӣ, дар дарсҳо иштирок накардааст.
Ҳарчанд, ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.А. оид ба вақт ва маҳалли баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври дахлдор огоҳ карда шуда бошад ҳам, бе сабабҳои узрнок ба маҷлиси судӣ ҳозир нашуд.
Мувофиқи қисми 2 моддаи 26 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмури дар ҳузури шахсе барраси карда мешавад, ки дар ҳаққи ӯ истеҳсолот бо ин парванда пеш бурда мешавад. Дар ғоибии ин шахс парванда танҳо ба шарте барраси мегардад, ки дар бораи ба таври дахлдор ва саривақт хабардор карда шудани ин шахс оид ба маҳал ва вақти баррасии парванда маълумот мавҷуд бошад ва аз ҷониби ин шахс дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда дархост изҳор нашуда бошад ё чунин дархост рад карда шуда бошад.
Азбаски далелҳои дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷамъовардашуда имконияти дар ғоибии ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.А. баррасӣ намудани парвандаро медиҳад, судя дар асоси меъёри қонуни дар боло зикргардида ба хулоса омад, ки парвандаи мазкур дар ғоибии ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.А. баррасӣ карда шавад.
Тибқи банди 7 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модар дар таълими кӯдак уҳдадоранд, донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд.
Бинобар ин, судя кирдори ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.А.-ро бо моддаи 90 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи модар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, пешбинӣ кардааст, банду баст менамояд.
Мувофиқи қисми 2 моддаи 48 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси воқеи хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯ, шахсияти гунаҳгор, вазъи молу мулкиаш, ҳолатҳои сабуккунанда, вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта мешавад.
Мувофиқи қисми 1 моддаи 35 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар руҳияи риояи бечунучарои қонунҳо тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад.
Аз ин рӯ, судя ҳангоми интихоби намуд ва андозаи таъин намудани ҷазои маъмурӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.А., хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯро ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки нисбат ба охирон дар доираи санксияи моддаи 90 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима таъин намояд.
Дар натиҷа, бо қарори суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз 19.03.2026 сол, ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.А. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба ҳафтсаду ҳаштод сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шудааст.
Судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд
Дустзода Миршакар Тошмурод
Суди шаҳри Хуҷанд 