Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 21 ноябри соли 2023 бо моддаи 247 қисми 3 бандҳои “а,в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судшаванда К.А.Қ. ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, дар ҳолати ретсидиви хавфнок ҷиноят барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ, ба миқдори калон ро дар ҳолатҳои зерин содир кардааст.

К.А.Қ., ки қаблан 14 апрели соли 2016 бо моддаи 200 қисми 4 банди «д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди таъин карда шуда бошад ҳам, баъди ба калонияи ислоҳии сукунат гузаштан, дар ҳолати ретсидиви хавфнок, даст ба содир намудани ҷиноят зада онро дар чунин ҳолат содир намуд:

Чунончи, ӯ моҳи апрели соли 2023 ба шаҳрванд бо номи «Абду» вохурда, бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварц, ба боварии номбурда даромада, пешниҳод мекунад, ки бар ивази маблащҳои пулии калон, метавонад миқдори махсусан калони воситаи нашъадор дарёфт карда дода метавонад.

Оид ба ин ҳолат аз тарафи кормандони ШММЗҶМ дар вилояти Сущди РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалиёти оперативц гузаронида шуда, шаҳрванд бо номи “Абду” ба амалиёти мазкур ҳамчун харидорц шартц ҷалб карда мешавад. 24 апрели соли 2023 аз тарафи кормандони ШММЗҶМ дар вилояти Сущди РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба харидори шартц бо номи “Абду” барои гузаронидани хариди озмоиши 10000 доллари ИМА мутаносибан ба 109700 сомонц супорида мешавад.

25 апрели соли 2023 шаҳрванд бо номи “Абду” дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе бо К.А.Қ. вохӯрдааст. К.А.Қ. аз харидори шартц бо номи “Абду” 10000 доллари ИМА маблащи пулиро гирифта ваъда медиҳад, ки бар ивази ин миқдор маблащи пулц дар давоми як ҳафта 20 киллограмм маводи нашъадори нави “ҳашиш” дастрас менамояд. Аммо К.А.Қ. маблащҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба эҳтиёҷаш сарф намуда ба ШММЗҶМ дар вилояти Сущди РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари калон расонидааст.

Дар маҷлиси судӣ судшаванда К.А.Қ. худро бо 247 қисми 3 бандҳои «а,в»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра гунаҳгор ҳисобид.

Суд бо назардошти шахсияти судшаванда К.А.Қ.  ки ҷиноятро содир намудааст, ҳамзамон хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амали судшаванда ба хулоса омад, ки нисбати судшаванда К.А.Қ.  ҷазои дар раводиди 247 қисми 3 бандҳои «а,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи моддаи 58-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳи дорои низоми сахт таъин намояд.

Дар натиҷа бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 21 ноябри соли 2023 К.А.Қ. дар содир кардани ҷиноят бо 247 қисми 3 бандҳои «а,в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо моддаи моддаи 247 қисми 3 бандҳои «а,в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 5 (панҷ) солу 6 (шаш) моҳ бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт, бидуни маҳрум кардан машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шавад.

 

Раисикунанда:-                                                                    Олимзода Р.Р.

 

Ҳамзамон бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 21 ноябри соли 2023 бо мақсади дар оянда роҳ надодан ба чунин камбудиҳо, ба хулоса омад, ки оиди камбудиҳои ҷойдошта ба унвони масъулини колонияи ислоҳи сукунат дар ЯС 3/10, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат ба маълумоти Сардори ЯС 3/10 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чораҷўӣ намудан таъиноти хусусии маҷлиси судро ирсол намуд.

 

Судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд                                                                Олимзода Р.Р.