Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар суди шаҳри Хуҷанд

Рӯзи 28 декабри соли равон дар тамоми корхонаю муассисаҳо ташкилоту идораҳо новобаста аз шакли моликияташон тамошои якҷояи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифт.

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Хуҷанд имрӯз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, дастаҷамъона дар толори Суди шаҳри Хуҷанд тамошо намуданд.

Паёми навбатии Пешвои миллат роҳнамои асосии фаъолияти кории судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои ҷумҳурӣ буда, баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ   ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон равона карда шудааст. Масъалаҳои дар Паём дарҷшуда аз ҷониби кормандони мақомоти судӣ ба роҳбарӣ гирифта шуда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ равона карда мешавад.