Нишони бақои миллат

Давлатҳои муосири ҷаҳон дорои нишон, парчам ва суруди миллӣ мебошанд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз таърихи куҳани парчамсозиву парчамдории тоҷикон буда, исботи он аст, ки гузаштагони мо аз қавмҳои ориёнию Куруши Кабир ва Коваи бузург соҳиби парчам буданд ва он ифодакунандаи истиқлолият, нишонаи қудрату тавонои давлат ба ҳисоб мерафт. Дар тӯли ҳазорсолаҳо ниёгони мо ватану миллат, номусу озодӣ ва марзу буми худро таҳти парчам дифоъ кардаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки аҷдоди мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлати онҳоро таҷассум менамуд. Парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт. Чӣ тавре ки  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ 30 августи соли 2011 қайд намуданд: «Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории орёӣ қабул карда мешавад. Дирафши Ковиён то замони сукути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлати ниёгони тоҷикон буд».

Дар таърихи парчаму парчамдории тоҷикону тоҷикистониён қабул карда шудани Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаи 9-уми  сентябри соли 1991 эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши куллӣ гардид. Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабули рамзҳои ифодагари истиқлолияти кишвар, аз он ҷумла Парчами давлатиро ба миён овард.

Санаи 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХУ1-и Шӯрои Олии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон »- ро қабул намуд ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

20-уми ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, аз ҷониби Маҷлиси Олӣ ҷонибдорӣ ёфтааст, имзо гардид. Мутобиқи ин Қонун ҳар сол Рӯзи Парчами Давлатӣ, ки 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, таҷлил мешавад.

Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва яке аз рамзҳои асосии давлат ва миллати тоҷик қабул карда шудааст.

Ҳусейнзода Фирдавс Латифӣ,
судяи Суди шаҳри Хуҷанд