НАФАҚАХЎР БО ГУНОҲИ «ЭКСТРЕМИЗМ» ЗИНДОНӢ ШУД

Пирони рузгордида ба ҷои он, ки насли ояндаро ба роҳи рост ҳидоят намоянд, баръакс баҳри паҳн намудани ғояҳои ташкилоте, ки хусусияти ифротиву экстремистӣ доранд ва фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шудааст, машғул мешаванд.

Суди шаҳри Хуҷанд дар маҷлиси ошкорои судӣ, санаи 10 сентябри соли 2019 парвандаи ҷиноятиро нисбати марди 64-солаи нафақахур аз пойтахти кишвар, дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 189 қисми 2 банди «г»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намударо мавриди баррасӣ қарор дода, муайян кард, ки Ҳ.Ш. аз соли 1994 ҳангоми дар шаҳри Душанбе истиқомат намуданаш, бо даъвати яке аз роҳбарони ташкилоти динӣ-масеҳии «Шоҳидони Яҳува» (Свидители Иеговы) бо номи «Олим» ба ин ташкилот шомил гардида, дар шаҳри Душанбе то соли 2016 ҳамчун аъзои фаъоли он иштирок намудааст.

Минбаъд ӯ бо роҳбарони ин ташкилот дар давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон робитаи наздик пайдо карда, аз ҷониби онҳо вазифадор карда мешавад, ки дар вилояти Суғд ғояҳои ташкилоти динӣ-масеҳии «Шоҳидони Яҳува»-ро ташвику тарғиб карда, ҷиҳати ноил гардидан ба мақсаду мароми ин ташкилот сафи аъзоёни онро зиёд намояд.

Номбурда бо мақсади паҳн намудани ғояҳои ташкилоти мазкур, ки хусусияти ифротӣ ва тоқатнопазирӣ нисбат ба дигар мазҳабу равияҳо, аз ҷумла ба мазҳаби анъанавии мусулмонони Тоҷикистон «Имоми Аъзам» ва дини насронӣ дорад, дидаву дониста, ки фаъолияти ташкилоти «Шоҳидони Яҳува» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шудааст, бо баробари ба вилояти Суғд миёнаҳои соли 2016 омадан, дар шаҳри Бӯстон манзили истиқоматиро ба иҷора мегирад.

Минбаъд Ҳ.Ш. бо истифода аз китобу маҷаллаҳои ғоявии мақсадҳои ин ташкилотро ташвиқу тарғибкунанда ва истифодаи шабакаи интернетии «Телеграмм» фаъолияти худро ҷиҳати даъвати оммавии шаҳрвандон ба ин ташкилот оғоз карда, аз рӯйи сохтори муайяншудаи ин ташкилот барои ҷоннок кардани фаъолият шахрвандон Р.З. ва У.А. чун «ҳайати пирон» («совет старейшин») дар вилояти Суғд таъин мегарданд.

Судшаванда аз соли 2016 то январи соли 2019 дар манзилҳои истиқоматии чанд нафар шаҳрвандон дар шаҳри Хуҷанд, Истаравшан ҷойҳои ҷамъиятӣ зери ниқоби ин ҷамъомад, мунтазам анҷумани ташкилотро бо зиёда аз 30 нафар аъзоёни ин ташкилот гузаронида, бо истифода аз адабиёт ва маҷаллаҳои ташкилоти динӣ-масеҳии «Шоҳидони Яҳуво», сомонаи иҷтимоии ин ташкилот барномаҳои интернетӣ, сабтҳои аудиоии таълимӣ, ки дар онҳо даъватҳои оммавӣ ва ғояҳо барои барангехтани кинаву адовати динӣ, миллӣ, маҳалгароии наҷодӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарғиб ба бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи мансубияти онҳо ба дин ва ҳизб, хусусиятҳои фаъолияти экстремистиро дар бар мегиранд, ба аъзоёнаш («воизин» ва «пионерҳо») дарс дода, сафи аъзоёнро зиёд менамояд.

Тибқи хулосаҳои экспертизаи судӣ-комплексии адабӣ-психологӣ-лингвистӣ дар китобу маҷаллаҳо, маълумотҳои расмӣ, сабтҳои аудиоӣ, видеоӣ ва шабакаҳои интернетии дар хотираҳои телефони мобилӣ, «планшет» ва «нотбук»-ҳои аз Ш.Р. ва дигар аъзоёни ташкилоти динӣ-масеҳии «Шоҳидони Яҳува» гирифташуда, даъватҳои оммавӣ ва ҳаракатҳо барои барангехтани кинаву адовати динӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, наҷодӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарғиб ба бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи мансубияти онҳо ба дин ва ҳизб ҳукмронӣ хоҳад кард.

Дар мурофиаи судӣ судшаванда Ҳ.Ш. дар содир кардани ҷиноят худро гунаҳгор наҳисобида, ба суд нишондод дод, ки вай дар ҳақиқат ҳам дар Тоҷикистон зиндагӣ намуда, забони тоҷикиро ҳамчун забони модарии дуюми худ медонад. Давлати Тоҷикистон, давлатдории Тоҷикистон, Пешвои Муаззами миллат, Қонунҳои Тоҷикистонро ба пуррагӣ дастгирӣ намуда, зидди давлатдории Тоҷикистон то имрӯз дар ягон ҷо баромад накардааст ва баромад ҳам карданӣ нест. Бо сабабе, ки ҳамсараш вафот кардааст, танҳо дар бораи дӯстдорӣ, муҳаббат, меҳрубонӣ байни одамон буданаш омӯхтааст ва бо ин асно эътиқоди худро ба худои Яҳува пайдо намудааст, ва аз эътиқоди динии худ даст намекашад, зеро ҳар як шахс барои эътиқоди динӣ озод мебошад. Таҳлили маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ва далелҳои дар мурофиаи судӣ ҷамъовардашуда аз исбот ёфтани гуноҳи судшаванда дар содир кардани ҷиноят шаҳодат медиҳад. Суд кирдори ҷинояткоронаи судшаванда Ҳ.Ш.-ро бо моддаи 189 қисми 2 банди «г»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои миллӣ, наҷодӣ, маҳалгароӣ ё динй, ё бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, наҷод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, анҷом дода шуда бошад, муқаррар мекунад.

Суд маҷмӯи ҳолатҳои болоовардаро нисбати Ҳ.Ш. ба назар гирифта, нисбати охирон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро бо моддаи 189 қисми 2-и (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) КҶ ҶТ ба мӯҳлати ҳафт солу шаш моҳ бо адои ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр, бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи фаъолият дар муассисаҳои динӣ ба мӯҳлати 3 сол, таъин кард.

 

Набизода Наргиса Ҳаким, судяи суди шаҳри Хуҷанд