НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИНКИШОФИ ДАВЛАТДОРИИ ҲУҚУҚИИ ТОҶИКОН (таҳлили назариявӣ ва қиёсӣ-ҳуқуқӣ)
Мардуми Тоҷикистон ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ шурӯъ намуда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳадафро ҳамчун дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат пешбинӣ кардааст [1, с.16]. Бо дарки ин ҳадафҳо халқи Тоҷикистон ба ин роҳ қадамҳои устувор гузошта, барои фарогир шудани унсурҳои демократияи муосир дар ҷомеа тадбирҳо меандешад. Роҳе, ки халқи Тоҷикистон интихоб намудааст, бо назардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии халқи тоҷик зиндагии осоишта, тарзи ҳаёти дунявӣ, фаъолияти озодонаи ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, умуман ҳуқуқу озодиҳои кулли шаҳрвандони мамлакатро таъмин намуда, манфиатҳои тамоми мардуми Тоҷикистонро пуштибонӣ мекунад. Қонуни асосии кишвар, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи басо мураккабу қисматсоз ва пурпечутобу ҳассоси рӯзҳои аввали ташаккули давлатдории миллиамон қабул гардид, аз бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки миллати кӯҳанбунёдамон, яъне бунёди давлати муосир, ки ҷавҳари аслии онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил медиҳад, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш зикр 37 намудаанд: «Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад» [2.]. Конститутсия санади асосӣ ва муайянкунандаи шоҳроҳи ҳаёти ҳар давлату кишвар ва ҷомеаи мутамаддину мамолики мутараққӣ ба ҳисоб меравад. Ва ҳама санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар асос ва доираи раводиди он таҳияву қабул карда мешаванд. Зеро санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба Конститутсия муфовиқ нест ё ба он хилофат мекунад қувва ва ё эътибори ҳуқуқӣ надорад. Воқеан ҳам, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки мазмуну муҳтавои он чӣ қадар афкори ҷамъиятро дар бар гирад, ҳамон қадар самти минбаъдаи инкишофи ҷомеа ва давлатро муайян менамояд. Ин хулосабарорӣ ҳоло эътирофи умумро соҳиб гаштааст ва дастоварди бузурги ҳуқуқӣ ва низоми давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки дар қонун пешбинӣ мешавад арзишҳои беҳтарини умумибашариро фаро гирифта, моҳияти иҷтимоӣ ва башардӯстона дорад, ба таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат мекунад, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва инкишофи шахсият фазои мусоиди сиёсӣ-ҳуқуқӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, маънавӣ ва фарҳангиро фароҳам меорад [3, с.24]. Лекин, ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар ҷомеае, ки пур аз низои сиёсию иҷтимоӣ, мухолифат ва муборизаи сиёсии берун аз доираи муқарраркардаи қонун, бе якдигарфаҳмию ваҳдати тамоми шаҳрвандон, бе ҳадафҳои ягонаи рушду инкишофи ҳаёти ҷомеа, бе эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва нобоварӣ ба ҳамдигар, бе ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Аз ин ру, дар таърихи инкишофи мносибатҳои ҷамъиятӣ Конститутсия ва низоми қонунгузории Тоҷикистон 5 давраро аз сар гузаронидааст: -28.04.1929 -20.12.1931 38 -1.03.1937 -14.04.1978 -6.11.1994 — аввалин Конститутсияе, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст, ки то ҳол амали худро идома дода истодааст. Дар амалия тартиби махсуси қабули Конститутсия мавҷуд аст: 1. Конститутсия дар иҷлосияи навбатӣ ва ё ғайринавбатии парлумонии кишвар қабул карда мешавад. 2. Барои қабули конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида мешавад. 3. Дар ҳолати аз тарафи парлумон қабул кардани конститутсия овоздиҳӣ оид ба ҳар як фасл, боб ё моддаи он дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад. 4. Конститутсия аз тарафи парлумон бо овоздиҳии аксарияти зиёда аз 2/3 қисми овозҳои вакилони халқ қабул мегардад. 5. Барои қабули конститутсия маҷлиси муассисон, конвенти конститутсионӣ ва ё ба ҳамин монанд муассисаи намояндагии махсус даъват кардан мумкин аст [4, с.231]. Чӣ хеле, ки ба мо маълум аст, ба Конститутсияи амалкардаистода се маротиба, ин ҳам бошад 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки амали онро фаъол гардонид. Аввалин бор 26 сентябри соли 1999 ба 29 моддаи Конститутсия тағйиротҳо ворид шуданд, ки бештари онҳо тағйиротҳои таҳрирӣ буданд. Инчунин дар боби 3-юм ба Маҷлиси Олӣ ва дар боби 4-ум тағйиротҳои куллиро ворид намуданд. Раъйпурсии дуюм оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 22 июни соли 2003 сурат гирифт. Дар натиҷа ба Дебоча тағйироти таҳрирӣ, ба 54 модда тағйироту иловаҳо ва дар қисми хотимавӣ «Муқаррароти интиқолӣ» илова гаштанд. Яке аз иловаҳое, ки ба моддаи 5-ум ворид карда шудани қисми дуюм мебошад, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудан мебошад», ки Конститутсияи моро дар низоми 39 байналмиллалӣ, ҳамчун Конститутсияи пешрафта шинос намуд. Ин меъёр дар қисми нави Конститутсия «Муқаррароти интиқолӣ» идома ёфт. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифт, ин омилҳоро дар бар мегирифт: 1. Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо намуд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. 2. Бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, ба инобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 –уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳ ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ карда шаванд. 3. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, ки ба манфиати халқу давлати мо мебошанд. Тағйиротҳои пешбинишуда имкон доданд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд. Дар натиҷа ба 36 моддаи Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки аксарияташ хислати таҳрирӣ дорад. Арзиши дигари конститутсионие, ки ҷолиби диққат аст, ин дар қисми дуюми моддаи 34 илова шуд, ки падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Хеле бамаврид илова гардидааст, ки на танҳо дар тарбия, балки дар таълими фарзандон низ падару модар ҷавобгар ҳастанд. 40 Барои баланд бардоштани масъулиятшниосии шахсони мансабдори мақомоти олии давлатӣ тартиби нав дар Конститутсия ворид шуд. Акнун ба вазифаҳои олӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дорои шаҳрвандии ягона ҳастанд таъину интихоб шуда метавонанд. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия шартнома оид ба масъалаи душаҳрвандӣ баста шуда буд, ки якчанд сол амал кард ва дар натиҷа як қисм шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиби душаҳрвандӣ гардиданд. Инчунин бо ҳамин мазмуни масъулиятшиносии шахсони мансабдори олӣ муқаррароти нав – баъди интихоб ё таъин шудан савганд ёд кардани онҳо мебошад. Дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон, беҳтарин арзише, ки аз хоҳишу иродаи мардуми шарафманди кишварамон вобаста буд, ба ҳисоб меравад. Ин шахсияти барҷастаи таърихии миллат, ки дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд. Бояд тазаккур дод, ки тағйири Қонуни асосӣ ҳеҷ гоҳ аз камбудиву норасоии он шаҳодат намедиҳад. Баръакс, далели он аст, ки ҷомеаи мо пеш меравад, муносибатҳои ҷамъиятӣ инкишоф 41 ёфта, талаботи нав ҷиҳати танзими ҳуқуқӣ ба миён омада истодааст. Пешравии ҷомеа зарурати мутобиқ сохтани Қонуни асосиро ба шароити нав ба миён меорад, ба ибораи дигар, худи ҷомеаи инсонӣ тағйир ва такмил додани Конститутсияро тақозо менамояд. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмиллалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардида, дар қатори аввали панҷ конститутсияи беҳтарин гузошта шудааст. Ин пеш аз ҳама ишора ба он меъёрҳои Конститутсия мебошад, ки онҳо зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо таҳлили назариявӣ ва қиёсӣҳуқуқии конститутсияҳои ИМА, Фаронса, Руссия ва Тоҷикистонро дида мебароем: Дар конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки 17 сентябри соли 1787 қабул карда шудааст, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар худи матни Конститутсия ба таври пурра инъикоси худро наёфтааст, танҳо 15 декабри соли 1791 дар «Билл оид ба ҳуқуқҳо» 10 ислоҳот ворид карда шудааст, ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар кардааст. Озодии сухан, нашр, эътиқоди динӣ, ҳуқуқ ба муттаҳид шудан ва муроҷиат намудан, дахлнопазирии шахсият ва манзил, манъи ғуломдорӣ ва манъ будани меҳнати маҷбурӣ, ҳуқуқи баробарро соҳиб будан дар интихобот, яъне новобаста аз миллат, нажод ва ё ранги пӯст, баробарҳуқуқӣ дар назди қонун, ҳифзи нашрияҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо роҳи ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштани силоҳ иҷозат дода шудааст, ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, инчунин аз озодӣ ва моликият ба истиснои ҳукми ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ба интихоби озоди ҳаракат, доштани моликияти хусусӣ, ҳеҷ касро барои додани нишондод нисбати худ дар парвандаи ҷиноятӣ маҷбур кардан мумкин нест [5.]. 42 Инчунин махсус қайд гардидааст, ки он ҳуқуқҳое, ки дар Конститутсия дарҷ нагардидаанду аммо халқ аз он истифода менамояд, маҳдуд кардан мумкин нест! Бояд қайд намуд, ки дар Конститутсияи ИМА ягон навъи уҳдадориҳои шаҳрвандон махсус қайд нагардидааст. Дар Конститутсияи Фаронса, ки соли 1958 қабул гардидааст, махсус ягон боби алоҳида мавҷуд нест, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пешбинӣ карда бошад, номгӯи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар «Эъломияи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд соли 1789» ба таври муфассал инъикос ёфтааст. Лекин, Ҷумҳурии Фаронса аз рӯи шиори «Озодӣ, баробарӣ, бародарӣ» ва аз рӯи принсипи «идораи халқ бо халқ ва барои халқ» амал мекунад, ки на дар Конститутсияи ИМА, Россия ва ё Тоҷикистон ин меъёрҳо дида намешаванд. Инчунин хусусияти дигари фарқкунандаи ин давлат дар он аст, ки нисбати ҳеҷ кас ҳукми қатл татбиқ карда намешавад. Дар ин конститутсия баробарии ҳама дар назди қонун, эҳтироми ҳама гуна дин, баробарҳуқуқии мардон ва занон, ҳимоятгари ҳуқуқ дар боби алоҳида оварда шудааст, инчунин ҳеҷ кас аз худсарона аз озодӣ маҳрум карда намешавад зикр гардидааст. Дар Фаронса ҳуқуқ ба моликият ва мерос, ҳуқуқи истифодаи ВАО, ҳифзи муҳити зист, ҳуқуқ ба маълумот, ҳифзи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ дар як меъёри конститутсия дарҷ гардидааст [6, с.44]. Дар конститутсияи Федератсияи Руссия, ки соли 1993 қабул гардидааст, ба монанди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боби алоҳида бахшида шудааст, ки дар ин асос конститутсия озодии сухан, фикрронӣ, ҳуқуқи истифодаи ВАО, озодии эътиқод, озодона муттаҳид шудан, манъи меҳнати маҷбурӣ, ҳуқуқи иштирок дар интихобот, ҳуқуқ ба манзил, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии мардон ва занон, дахлнопазирии манзил, шахсият ва ҳаёти шахсӣ, озодии ҳаракат, ҳуқуқ ба таҳсил, озодии эҷодиёт, ҳифзи моликияти зеҳнӣ кафолат додаст. Инчунин, уҳдадориҳои 43 конститутсияҳои ин ду кишвар, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия монанданд, ба мисоли пардохти андоз, ҳифзи Ватан, ҳифзи муҳити атроф мебошанд. Дар хулосаи қиёсӣ бояд инро зикр намоем, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳарчанд конститутсияи ҷавон бошад ҳам, дар худ меъёрҳоеро дарҷ намудааст, ки аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон як қадам боло буданашро нишон медиҳад. Дар боби алоҳида нақш бастани ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрванд якум хусусияти фарқкунандааш аз конститсияҳои ИМА ва Фаронса мебошад. Дар ин боб бисту ҳафт номгӯи ҳуқуқҳо пешбинӣ гардидаанд. Ҳарчанде, ки баъзе аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло хусусияти декларативӣ дошта бошанд, ҳам мо ҷавонон барои амалӣ намудани ин принсипҳои демокративу иҷтимоии давлат пайваста кӯшиш менамоем. Барои дар амалия мустаҳкам ва иҷро намудани ин меъёрҳо ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардуми тоҷик, барои фаҳмишу дарки амиқи падидаҳои конститутсионӣ хизмат менамоем. Дар фарҷоми мақола бояд ин нуқтаро таъкид намоем, ки тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли солҳои ҷорӣ, ки амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хираду фитрат ва заковати азими халқи Тоҷикистон меҳисобем, зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд. Воқеан, зиндагӣ дар чунин ҷомеае, ки асосҳои бунёдии онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адлу масъулияти баланди ҳокимиятдорӣ ташкил медиҳад, орзуи ҳамешагии халқи мо дар масири асрҳо мебошад. Дар замони муосир, дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои сипаришудаи Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар шумораи зарурии қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши забон, Парчам, Нишон, 44 Суруди Миллӣ, истифодаи замин ва дигар бойгариҳои табиӣ, истифодаи осори фарҳангӣ, амнияти миллӣ ва ғайра қабул шуданд, ки марҳилаи нави рушди давлатдории миллиро дар Тоҷикистон нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини Истиқлолияти давлатӣ ва пойдории давлатдории миллӣ нақши бунёдӣ дорад.
Судяи суди шаҳри Хуҷанд Аҳмадзода Марҳабо Аҳмад
Суди шаҳри Хуҷанд 