Мулоқот бо коллективи омўзгорон ва волидайни боргоҳи таълимӣ

Бо мақсади амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 майи соли 2019 дар муассисаи таълимии Гимназияи №24 шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Судяи суди шаҳри Хуҷанд Олимзода Рафиқҷон Раҳмат оид ба тарғиб ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва вобаста ба мавзўи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии мардум ва ба саҳми аҳолӣ расонидани муҳтавои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коллективи омўзгорон ва волидайни хонандагони ин боргоҳи таълимӣ вохўрӣ гузаронида шуд, ки дар ин вохўрӣ зиёда аз 80 нафар ширкат варзиданд. Зимни гузаронидани чорабинии мазкур ба саҳми иштироккунандагон моҳияти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷроиши ҳатмии онҳо ва оқибатҳои риоя накардани талаботи қонун фаҳмонида дода шуд.