МАНБАИ ХУДШИНОСӢ

Ҳар як давлат дар миқёси ҷаҳонӣ бо забон, расму оин, фарҳангу хирад ва асолати таърихиаш худро ба дигарон муаррифӣ мекунад. Дар баробари ин Истиқлолияти давлатӣ яке аз шартҳои муҳими арзи вуҷуд кардани давлат аст, зеро маҳз бо эълони истиқлолияташ давлат рукнҳои давлатдориро соҳиб шуда, худро чун давлати соҳибихтиёр ба дигар кишварҳои олам мешиносонад.

Бистуҳашт сол муқаддам Тоҷикистони азизамон Истиқлолияти давлатии худро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон дошт. Ин рўйдоди таърихию сиёсӣ чун нигоҳ доштани ҳастии миллат, қадами устувор дар ватандориву давлатдорӣ, сарчашмаи саодатмандӣ, арзи ҳастӣ намудан ва рушди инкишофи давлате, ки ба мо дарси хештаншиносӣ, дўстиву бародарӣ, иттиҳоду ягонагии миллатро омўзонид, мо ниҳоят ба дастоварди дигари арзишманд – сулҳу ваҳдати миллӣ соҳиб гардидем.

Маҳз ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки рукнҳои давлатдории хешро арзи вуҷуд бахшем, бо меҳнатқаринӣ, созандагиву бунёдкорӣ Ватани маҳбубамонро ободу сарсабз гардонида баҳри некўҳолии халқ сарҷамъона фаъолият барем.

Халқи Тоҷикистон, ки баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, Истиқлолияти давлатиро бо сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ тавъам дониста, инро дар якҷоягӣ сарчашмаи бахту иқболи халқи тоҷик ва кафолати рушди мунтазаму устувори давлати тоҷикон меҳисобанд.

Дастовардҳои даврони Истиқлолият, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, тадриҷан болоравии некуаҳволии мардум ва ба меҳнати софдилона, созандагиву бунёдкорӣ машғул шудани ҳар фарди тоҷик якояки моро беш аз пеш ба фаъолияти пурсамар рўҳбаланд менамояд.

Месазад, имрўз ҳар як фарди соҳибхирад бо меҳнатдўстиву ҳамдигарфаҳмӣ, дўстиву рафоқат, эҳсоси ватандўстии насли наврас, ҳисси баланди ифтихору ғурури миллӣ, ки бақои миллат, иқтидори давлат, саодатмандии халқи тоҷик ва асоси пешравию инкишофи кишварамон аст, ҳамаҷониба саъйу талош намояд.

Ализода Эраҷ Асатулло, судяи суди шаҳри Хуҷанд

«Ҳақиқати Суғд», №104 (18097)