МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 24 ноябри соли 2021 дар суди шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Роҳбарияти суд Саидшозода З.С. ҳусни оғоз бахшида, доир ба парчами миллӣ чун рамзи давлатдории тоҷикон қайд намуда, қайд намуданд, ки ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин судяҳои суди шаҳри Хуҷанд Дустзода М.Т., Маҳмадсаидзода Р. ва коромўз-судя Муҳаммадӣ Г. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, доир ба мавзӯъҳои «Парчам муқаддастарин дастовард», «Парчами миллӣ – яке аз рукнҳои муқаддасоти давлатдории миллист» ва «Парчами давлатии Тоҷикистон – Рамзи давлатдорӣ» суханронӣ намуданд.