Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди шаҳри Хуҷанд

Имрўз, дар суди шаҳри Хуҷанд бахшида ба 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Хуҷанд ширкат доштанд. Нахуст Раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода М.Р. роҷеъ ба дастоварди пурарзиши халқу миллати тоҷик, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, изҳор доштанд, ки воқеан ҳам Истиқлолият ганҷи бебаҳо ва неъмати азизтарин барои мардум аст, зеро маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овардааст, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва зиндагии озоду осуда ба сар барем.

 

Инчунин, Раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода М.Р. бо арзи эҳтиром ва самимият тамоми кормандони суди шаҳри Хуҷандро ба муносибати бузургтарин дастоварди миллиамон 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборак намуда, барояшон бахту иқболи нек, саломатӣ, умри бардавом, сарбаландию некрўзӣ ва дар ҷодаи заҳматҳои шабонарўзиашон комёбиҳо таманно доштанд. Қайд намуданд, ки бигузор бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як гўшаву канори Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо ва зиндагии мардумамон пурфайзу бобаракат гардад.

Сипас, судяи суди шаҳри Хуҷанд Маруфзода Н.Н. изҳор доштанд, ки самараи неки истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

Мутахассиси пешбари суд Аҳмадзода М.А. вобаста ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд намуд, ки «Мо кормандони мақомоти судӣ бо меҳнатдўстиву ҳамдигарфаҳмӣ, дўстиву рафоқат, эҳсоси ватандўстӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ баҳри ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ки бақои миллат, саодатмандии халқи тоҷик ва асоси пешравию инкишофи кишварамон аст, ҳамаҷониба кўшиш намуда, тасмим гирифтаем, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаёт ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагӣ гиромӣ дошта, барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.»

Котиби суд Сатторова В.К. аҳли нишастро бо Иди пуршукуҳ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз намуданд, ки бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!