Кушодашавии мусобиқаи футболи хурдбайни кормандони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Бахшида ба муносибати таҷлили рўзи Ваҳдати миллӣ таҳти шиори «Ҷовидон бод Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ» мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд байни кормандони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташкил карда шудааст. Мақсад аз гузаронидан ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва муайян намудани дастаҳои беҳтарини Футбол мебошад. 

 

Имрўз, санаи 20 апрели соли равон дар майдончаи варзишии меҳмонхонаи «Парламент» мусобиқаи футболи хурдро кушода эълон намуданд, ки мусобиқа дар шаҳри Хуҷанд аз санаи 20 апрел то санаи 30 апрели соли 2019 баргузор мегардад.

 

Инчунин, кумитаи тадорукот тақвими мусобиқаи футболи хурдро эълон намуда, ба ҳайати дастаҳо мувафаққият ва бурдборӣ таманно намуданд.

          

Дастаи футболи суди шаҳри Хуҷанд низ, яке аз иштирокчии фаъол буда, 20.04.2019 соати 11:00 бо дастаи суди ноҳияи Спитамен мусобиқа намуда, 7:1 ғолибиятро ба даст оварданд.