КОРРУПСИЯ — ЗУҲУРОТИ ХАВФНОК

Дар замони ҷаҳонишавӣ, дар баробари ба вуҷуд омадани дигар зуҳуроти хатарзо ва хавфнок, ба мисли терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир масъалаи дигари нигаронкунандаву муташанниҷ ва вабои қарн, ин фасод ё худ коррупсия ба ҳисоб меравад, ки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллату давлатҳоро ба ташвишу парешонӣ андохтааст. Коррупсия ва дигар амалу ҳаводиси марбут ба хусусиятҳои коррупсионидошта, яке аз ҷиддитарин монеаҳо дар самти ташаккули давлату давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, низоми ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёдро халалдор месозад ва садди асосии пешрафти иқтисоди кишвар гардида, ба сатҳи некуаҳволию зиндагии осоипггаи мардум ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зиён ворид менамояд. Тавре ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: “Коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие”, ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз макоми худ ва имкониятҳои он, барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин, ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиатҳои шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ” фаҳмида мешавад. Зикр намудан ба маврид аст, ки зоҳир шудану ба вуҷуд омадан ва пайдоиши омилҳои коррупсионӣ мансуб ба қарни ҷадид набуда, балки падидаву зуҳуротест, ки дар асрҳои гузашта дар шакли гуногун низ мавҷудият намуда, зина ба зина яке аз сабабҳои аслии аз сањнаи пурталотум ва пуршебу фарози таърих берун гардидани давлату миллатҳои мухталиф гардидааст.

Дар ин росто, миллаги куњанбунёду тамаддунофари тољик низ дар тўли таърих ба ин омилҳо ва мушкилот дучор шуда, ҳатто яке аз омилҳои аз байн рафтани чандин давлатҳои миллии тоҷикон пайдо гардидани чунин зуҳуроти хусусияти коррупсионидошта ба ҳисоб меравад.

Судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Қосиӣ Суҳроб Содирзода