Корҳои ободонӣ баҳри истиқболи ҷашнҳои миллӣ

Баҳри ба иҷро расонидани супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин ҷашнҳои бузургу таърихӣ, моҳияти истиқлолияту озодӣ, нақши Конститутсия ва Пешвои миллат дар эъмори давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон ва таҳкими давлатдории миллӣ санаи 31 августи соли ҷорӣ дар Суди шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Хуҷанд шанбегӣ ташкил карда шуда, гирду атрофи бинои суд тозаву озода ва ободу зебо гардонида шуда, дар даромадгоҳи суд шиору овезаҳо насб карда шуда, Парчами давлатӣ ба таври идона ороста шуд.