Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст муайян намуд, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф карда шудааст.

Меъёрҳои моддаи 14 ба моддаи 84-и Конститутсия иртибот дошта, якдигарро дар амали таъминӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути Конститутсия ва санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби кишвари мо эътироф шудаанд, пурра намуда, ҳифз мекунанд.

Зеро тибқи меъёрҳои Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Он мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Конститутсия ва дигар қонунҳо муайян кардаанд, ки инсон ва шаҳрванд ба ғайр ҳуқуқу озодиҳо, инчунин, дорои масъулият ва ўҳадориҳо низ мебошанд, ки онҳо чун меъёри конститутсионӣ воҷиби иҷро буда, зимнан ҳар фарди кишвар вазифадор аст, ки талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Конститутсия тамоми муносибатҳои дар ҷомеа ва давлат мавҷудбударо дар низоми муайян ҳуқуқӣ ба шакл дароварда, ҳамзамон баҳри амалӣ шудани ин муносибатҳо тавассути қонунҳо ва санадҳои дигари меёрии ҳуқуқӣ шароит муҳайё менамояд.

Аз ҳамин нуқтаи назар, Конститутсия дар худ мафҳум, мазмун ва моҳияти истилоҳи Қонуни асосӣ ё худ Сарқонун буданро ҳамчун меъёри халалнопазири ҳаёту фаъолияти кулли сокинони кишвар таҷассум карда тавонист.

Комилан, ҳамагуна натиҷаҳои назаррас дар раванди қонунгузорӣ ва фаъолияти мақомоти судӣ дар партави муқаррароти Конститутсия ба даст меоянд.

Аз ин рў, хулоса кардан ба маврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлат ва халқи Тоҷикистон буда, қабули он дар тақдири наслҳои ҳозира ва ояндаи миллати тоҷик саҳми босазо хоҳад гузошт.

 

Судяи суди шаҳри Хуҷанд

Маруфзода Некрўз Нарзулло