Истиқлолият неъмати бебаҳост!

Истиқлолият ин худ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Бисту нуҳ сол муқаддам дар таърихи сарнавишти миллати тоҷик муҳимтарин воқеа ба вуҷуд омад: санаи 9 сентябр Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки аз соли 1991 то инҷониб ин санаи муборак, барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёбад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро озодона интихоб намоем.

Истиқлолият шараф ва номуси хар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Мо бояд аз ин миллати  баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. 

Мо кормандони мақомоти судӣ бо меҳнатдўстиву ҳамдигарфаҳмӣ, дўстиву рафоқат, эҳсоси ватандўстӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ баҳри ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ки бақои миллат, саодатмандии халқи тоҷик ва асоси пешравию инкишофи кишварамон аст, ҳамаҷониба кўшиш намуда, тасмим гирифтаем, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаёт ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагӣ гиромӣ дошта, барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.

Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият ба рои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Марҳабо Аҳмадзода,

мутахассиси пешбари суди шаҳри Хуҷанд