Бунёди ҷомеаи адолатпарвар

Халқи тоҷик пас аз расидан ба ифтихори миллӣ баробари сулҳу ваҳдат гардидан соҳиби Конститутсияи олӣ шуд. Барои асосҳои давлати навро дар самти баланди ҳуқуқӣ муқаррар кардан Конститутсияи нав зарур буд. Бо ин сабаб ҳанўз аз солҳои 1990 кор аз болои тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нав оғоз ёфта, он бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 анҷом ёфт.

Инак, санаи 6 ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсоз гардид, зеро дар ҳамин рўз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Конститутсияи соли 1994 аввалин бор Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр эълон кард. Соҳибихтиёрӣ хусусияти хоси ҳар як давлат буда, ҳокимияти олии ягона ва истиқлолияти ўро дар муносибатҳои хориҷӣ ифода мекунад.

Дар моддаи якуми боби аввали  Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ шудааст. Давлат тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кўдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.

Боиси таъкид аст, ки Пешвои миллати тоҷик, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки зиндагии халқ беҳ ва сарзамини тоҷикон ободу зебо гардад.

Боиси таъкид аст, ки Конститутсия муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, таъмини ҳифзу риояи онро кафолат медиҳад ва дар он омадааст: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалқ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунад ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд». Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо тартиби муқаррар намудаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб шудаанд, тааллуқ дорад. Ягон мақомоти дигар ва ё шахсони ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани адолати судиро надоранд.

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дар низоми мақомоти давлатӣ яке аз мақомоте, ки адолати иҷтимоиро ба амал мебарорад, ин мақомоти судӣ мебошад. Судҳои ҳамаи марҳилаҳоро лозим аст, ки ҳангоми баррасию ҳалли баҳсҳои шаҳрвандӣ баҳри ҳимояи адолати иҷтимоӣ бештар кўшиш ба харҷ дода, ба он ноил гарданд, ки манфиатҳои шахсу давлат тибқи Конститутсия ва қонун таъмин гардад. Ин яке аз пояҳои муҳими устуворию шаҳомати ҳокимияти судӣ ва расидан ба ҷомеаи мутамаддин аст.

Афзалияти ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчўбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.

Ҳусейнзода Фирдавс Латифӣ,

Судяи суди шаҳри Хуҷанд