ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШ ВА РАСОНИДАНИ ЁРИИ АМАЛӢ БА СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Бо мақсади иҷрои банди 29 нақшаи кории суди вилояти Суғд барои нимсолаи якуми соли 2026 ва таҳлили фаъолияти судҳо, ҷиҳати расонидани ёрии амалӣ, санҷиши фаъолияти судҳои вилояти Суғд, аз ҷумла, суди шаҳри Хуҷанд, дар самти риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, пешниҳодҳо, дархостҳо, ҳолати парвандаҳо, сифати таҳияи санадҳои судӣ, саривақт омода намудани протоколҳои маҷлиси судӣ ва санадҳои судӣ, қабули қарорҳои асоснок ва қонунӣ, саривақт ба тарафҳо супоридани нусхаи санадҳои судӣ, иҷрои санадҳои судӣ, ҳолати ҳал намудани тақдири далелҳои шайъӣ, тартиби нигоҳдории далелҳои шайъӣ, иҷроиши онҳо, баровардани таъинотҳои хусусӣ, иҷрои онҳо, гузаронидани маҷлисҳои сайёри судӣ, саривақт ирсол намудани парвандаҳо ба суди марҳилаи кассатсионӣ, тартиби супоридан ва рӯёнидани боҷи давлатӣ, беасос боздоштани парвандаҳои судӣ, муҳлати тӯлонӣ баррасӣ накардани парвандаҳои судӣ, инчунин, бе асосҳои кофӣ бе баррасӣ, беҳаракат монондан, баргардонидан, рад намудан аз қабули аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо), ариза-шикоятҳо оид кам кардани ҷаримаҳо вобаста ба воситаҳои нақлиёти сиёҳшиша, баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 90, 332, 474, 474 иловаҳои 1,2 ва 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ, баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба кам кардани синни никоҳӣ, фарзандхондӣ, фавтида эълон намудани шахс, ариза оиди бекор кардани ҳалнома ё таъинотҳои суд вобаста ба ҳолатҳои навошкоршуда, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, омӯзиши китобҳои бадеӣ, иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», гузаштан ба фаъолияти Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (edo.innovation.tj) дар коргузорӣ, тартиби қабули шаҳрвандон, тартиби бақайдгирии муроҷиатҳо ва ҳалли муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ, ҳолати бойгонии суд, шароити кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, иҷроиши нақшаи корӣ ва накша-чорабиниҳои дохилиидоравӣ, иҷроиши Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо, супоришҳои хаттии роҳбарияти Суди Олӣ, санҷиши фаъолияти шуъбаҳои коргузорӣ дар суд, ҳолати супоридани парвандаҳои судӣ ба дафтархонаҳои суд, риояи интизоми меҳнат аз ҷониби судяҳо ва кормандони суд, ҳолати иҷроиши санадҳои судӣ вобаста ба рӯёнидани ҷаримаҳо, зарар ба манфиати давлат, боҷи давлатӣ ва дигар самтҳои фаъолияти суд дар соли 2025 ва семоҳаи аввали соли 2026, дар суди шаҳри Хуҷанд санҷиш аз ҷониби гуруҳи корӣ дар ҳайати: роҳбари гуруҳ Сафозода А.Г.-судяи суди вилояти Суғд, аъзоён Искандарзод А., Назарзода Н.О., Раҷабзода М., Пулодӣ Т.-судяҳо, мушовири суд Сангинзода Д. ва мутахассис-мушовир Аюбзода Б. ба муҳлати 5 рӯзи тақвимӣ санаҳои 02, 03, 06, 09 ва 10 апрели соли 2026, гузаронида шуда, ёрии амалӣ расонида шуд.

Пас аз таҳлили фаъолияти суд, ҷиҳати расонидани ёрии амалӣ дар маҷлиси ҳафтаинаи кормандони суди шаҳри Хуҷанд, натиҷагирӣ аз санҷиши фаъолияти суди шаҳри Хуҷанд, карда шуд.
Аз ҷониби роҳбари гуруҳ Сафозода А.Г., аъзоён Искандарзод А., Назарзода Н.О., мушовири суд Сангинзода Д. қайд карда шуд, ки бо вуҷуди ба чашм расидани баъзе камбудиҳо, асосан фаъолияти суди шаҳри Хуҷанд, дар самти риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, пешниҳодҳо, дархостҳо, ҳолати парвандаҳо, сифати таҳияи санадҳои судӣ, саривақт омода намудани протоколҳои маҷлиси судӣ ва санадҳои судӣ, қабули қарорҳои асоснок ва қонунӣ, саривақт ба тарафҳо супоридани нусхаи санадҳои судӣ, иҷрои санадҳои судӣ, ҳолати ҳал намудани тақдири далелҳои шайъӣ, тартиби нигоҳдории далелҳои шайъӣ, иҷроиши онҳо, баровардани таъинотҳои хусусӣ, иҷрои онҳо, гузаронидани маҷлисҳои сайёри судӣ, саривақт ирсол намудани парвандаҳо ба суди марҳилаи кассатсионӣ, тартиби супоридан ва рӯёнидани боҷи давлатӣ, беасос боздоштани парвандаҳои судӣ, муҳлати тӯлонӣ баррасӣ накардани парвандаҳои судӣ, инчунин, бе асосҳои кофӣ бе баррасӣ, беҳаракат монондан, баргардонидан, рад намудан аз қабули аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо), ариза-шикоятҳо оид кам кардани ҷаримаҳо вобаста ба воситаҳои нақлиёти сиёҳшиша, баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 90, 332, 474, 474 иловаҳои 1,2 ва 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзандхондӣ, фавтида эълон намудани шахс, ариза оиди бекор кардани ҳалнома ё таъинотҳои суд вобаста ба ҳолатҳои навошкоршуда, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, омӯзиши китобҳои бадеӣ, иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», гузаштан ба фаъолияти Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (edo.innovation.tj) дар коргузорӣ, тартиби қабули шаҳрвандон, тартиби бақайдгирии муроҷиатҳо ва ҳалли муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ, ҳолати бойгонии суд, шароити кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, иҷроиши нақшаи корӣ ва накша-чорабиниҳои дохилиидоравӣ, иҷроиши Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо, супоришҳои хаттии роҳбарияти Суди Олӣ, санҷиши фаъолияти шуъбаҳои коргузорӣ дар суд, ҳолати супоридани парвандаҳои судӣ ба дафтархонаҳои суд, риояи интизоми меҳнат аз ҷониби судяҳо ва кормандони суд, ҳолати иҷроиши санадҳои судӣ вобаста ба рӯёнидани ҷаримаҳо, зарар ба манфиати давлат, боҷи давлатӣ ва дигар самтҳои фаъолияти суд дар соли 2025 ва семоҳаи аввали соли 2026, ба таври хуб ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷониби роҳбари гуруҳ Сафозода А.Г. таъкид карда шуд, ки минбаъд низ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ба кашолкории баррасии парвандаҳо роҳ надода, парвандаҳоро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, бо риояи қатъии меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ баррасӣ намуда, назорати саривақтии иҷроиши санадҳои судиро таъмин намоянд. Ҳамчунин, ба кормандони суди шаҳри Хуҷанд, дастур дода шуд, ки ба амалҳои коррупсионӣ даст назада, вазифаҳои хизматиро поквиҷдонона иҷро намуда, риояи интизоми меҳнат, сари вақт баррасӣ намудани парвандаҳо бе роҳ додан ба кашолкорӣ, босифат таҳия намудани санадҳои судӣ ва сари вақт супоридани онҳо, баланд бардоштани сатҳи касбият, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятнок будан ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, таҳкими ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ зимни фаъолияти ҳаррӯза, ҳифзи сирри давлатӣ, хизматӣ, пешгирии паҳн намудани шахсони масъул ва ба шахсони алоҳида расонидани маълумотҳоро таъмин намоянд.
Ҳамзамон, аз ҷониби раиси суди шаҳри Хуҷанд Мирзоҳомидзода Диловар изҳор карда шуд, ки дар фаъолияти кории суди шаҳри Хуҷанд таҷрибаи беасосҳои кофӣ бебаррасӣ мононидани аризаҳои даъвогӣ нисбат ба солҳои пешин ба таври назаррас кам карда шуда, аризаҳо оиди кам кардани синни никоҳӣ баррасӣ карда намешаванд. Назорати таъмини иҷроиши санадҳои судӣ, махсусан, ҷаримаҳои ҷиноятиву ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷониби роҳбарият ва судяҳо, ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Кормандони суди шаҳри Хуҷанд, кӯшиш менамоянд, камбудиҳои мавҷударо бартараф намуда, минбаъд дар фаъолияти корӣ ба камбудӣ роҳ надиҳанд.
Суди шаҳри Хуҷанд 