Баргузории Рӯзи забон!!!


Ҳамин тавр 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳури мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22-юми июл хамчун «Рӯзи забон» ҷашни гирифта мешуд.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забонӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. 5-уми октябри соли 2009 баъд аз имзои Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни номбаргардида он ба амал даромад. Маҷлси — Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дар бораи рӯзҳоп ид» тағйирот даровард ва рӯзи 5-уми октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.2009 с. N«699) эълон шуд. Тайи ҳазорсолаҳо шоирону муттафакирон, олимону донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Дақикӣ, Саъдиву Ҳофиз ва Ҳилоливу Бедил бо ин за¬боини нобу беолоиш асарҳо эҷод кардаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошанд. Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, гузашта аз ин муаррифгари миллат мебошад. Имрӯзҳо бо забони тоҷикӣ зиёда аз 25 миллион нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд, ки дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, аз ҷумла Самарқанду Бухоро, Афғонистон ва дигар кишварҳои дуру наздик сокинанд. Дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат мардум дар маҷлисҳо, ба воситаи матбуот, оинаи нилгун ва радио андешаҳои худро оид ба мақоми забони тоҷикӣ баён менамуданд. Гарчанде баъзеҳо талаб мекарданд, ки дар баробари забонӣ тоҷикӣ ба забони русӣ ҳам мақоми давлатӣ дода шавад, вале аксарият ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда пешниҳод мекардангд, ки дар ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Зери чунин фишори оммавӣ роҳбарияти коммунистии Ҷумхурии Тоҷикистон маҷбур шуд, ки оид ба ин масъала чораҳо андешад.

Судяи суди шаҳри Хуҷанд: Дустзода М.Т.