Бахшида ба муносибати 28-солагии қабули Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон




Шашуми ноябри соли 1994 оғози низоми нави давлату давлатдорӣ, поягузории муносибатҳои ҷадиди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсии кишварамон мебошад.
Зеро маҳз дар ҳамин сана қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ гардид. Боиси фараҳмандӣ ва хушбахтӣ аст, ки маҳз 6- ноябр ҳамасола сартосари Ҷумҳурии азизамон ид дорад ва ин санаи бузургро бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ таҷлил менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат мекунад. Конститутсияи кишвари мо “дастоварди бузурги миллӣ” ба ҳисоб меравад, чунки он дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон баррасӣ гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Қобили қайд аст, ки дар мудати 28 – сол ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст, ки самараи ҳамкориҳо хеле назаррас ва густурда мебошанд.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини кишвари азизамон пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ин ҳама маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату кўшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардидааст.
Баъди қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сари вақт таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу конститутсионии шаҳрвандон ва амалан татбиқ намудани талаботи Конститутсия оид ба таҳкими рукни судии ҳокимияти давлатӣ, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти судии кишвар супориш доданд, ки лоиҳаҳои қонунҳоеро таҳия намоянд, ки онҳо ба талаботи замон ва қолабҳои байналмилалии марбут ба рушди системаи судӣ мувофиқ бошанд.

Бо як Ҷаҳон таманниёти бепоён ин ҷашни фархунда, яъне 28-умин солгарди Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамкорон ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуда, дар фатҳи қуллаҳои навин, дастоварду пирӯзиҳои Ватани маҳбубамон комёбиҳои нав ба навро орзумандем.
Судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд
Рустамзода М.