Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад!

Инак 29 сол мешавад,ки мардуми сарбаланди кишвари азизамон  бо меҳнати фидокорона садоқати пайвастаи худ баҳри густариши сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон бо ҳисси баланди хештаншиносӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Маҳз иқболи баланди миллати куҳанбунёди мо буд,ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми нобасомониҳоро паси сар намуда,арзишҳои  Истиқлолиятро чун  ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарини мардум ҳифз намуд.

Имруз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари мустақил пазируфта шуда, ному фарҳанги он дар арсаи ҷаҳонӣ чун мероси тамаддунофар муаррифӣ гардидааст.

Бешубҳа тӯли 29 соли Истиқлолияти  Тоҷикистонро чун марҳилаи таҳкими нақши ҳокимяти судӣ чун як шохаи ҳокимияти мустақили давлатдорӣ, худшиносии миллӣ, эҳёи ойину суннатҳо, рушди илму адаб, марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ,  неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намудан мумкин аст.

Истиқлолият ва Ватан  ду мафҳуми муқаддасу бо ҳамдигар пайванд буда, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат мебошад.

 Қобили зикр аст,ки  яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва заминаи устувори ҳар як давлат низоми мукаммали  ҳокимияти судӣ аст. Қобили зикр аст,ки нақши ҳокимияти судӣ дар муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ пайваста кушиш менамояд ва дар амалӣ сохтани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  саҳми босазои худро мегузорад.

Дар ин санаи фархундаи худогоҳию худшиносӣ ҳамдиёрони азизро бо 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, сарбаландӣ, муваффақият ва сиҳатмандии бардавомро таманно дорем.

Абдуллозода Рустамҷон,

котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хуҷанд