Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳолати мастӣ нисбати падар

Судшаванда К.Ф.С. (қаблан бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 18.04.2016 сол бо моддаи 117 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати се сол аз озодӣ маҳрум карда шуда, бо татбиқи моддаи 7 банди 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 24.08.2016 сол мўҳлати адонагардидаи ҷазо аз се як ҳисса кам карда шуда, санаи 30.05.2018 сол ба озодӣ баромадааст) бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 5 июни 2020 сол дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 110 қисми 3 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба вай бо ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 12 (дувоздаҳ) солу 6 (шаш) моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи  ислоҳии дорои низомаш сахт таъин  карда шудааст.

Тибқи талаботи моддаи 101 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба К.Ф.С. чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тиббӣ дошта — табобат аз майзадагӣ таъин карда шудааст.

Чунончи, охирон санаи 25 марти соли 2020 тахминан соати 21-08 дақиқа дар ҳолати мастӣ бо собиқ ҳамсараш К.М.О дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, вохўрда, нисбаташ дашномҳои қабеҳ зада, хоҳиши тарк кардани манзили истиқоматиашро намуда, баъдан вориди ҳуҷраи хоби падараш шудааст.

Ин вақт, падараш К.С.У. омада, аз чунин муносибати ў хабардор шуда, нисбаташ дашном карда, ба сару рўяш бо дасташ ду-се шапалоқ задааст. Аз сабаби он, ки К.Ф.С. дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ба ғазаб омада, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки нисбати падараш зўровариро раво медиҳад. Минбаъд баҳри амалӣ намудани мақсади худ то ба айбони хона рафта, аз болои ҷевон як адад корди хоҷагиро гирифта, қасдан, дидаю дониста, ки бо олоти мазкур ба тани инсон расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ имконпазир мебошад, ба назди падараш рафта, бо корди дар даст доштааш як маротиба ба тарафи чапи шиками падараш задааст.