ҚАРОРИ СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД АЗ САНАИ 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2026 БО МОДДАИ 90 ҚИСМИ 2 САРХАТИ 4 КҲМ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Раҳмон Ҷӯрахон Қурбоналӣ, дар бинои факултети санъати Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда Г.Д.А. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, бо моддаи 90 қисми 2 сархати 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар мурофиаи судӣ муайян карда шудааст, ки Г.Д.А. уҳдадориҳои тарбиявии худро нисбати фарзанди ноболиғаш Ш.Л.К., хонандаи синфи 5, МТМУ №18 шаҳри Хуҷанд, иҷро накардааст. Санаи 20 декабри соли 2025, ноболиғ Ш.Л.К. ба муассисаи таълимӣ бо ашёи бурандаю халанда-корд ҳозир гаштааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Г.Д.А. ба гуноҳаш иқрор шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Суд, кирдори ҳуқуқвайронкунанда Г.Д.А.-ро бо моддаи 90 қисми 2, сархати 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз ҷониби шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда пешгирӣ накардани амалҳои зерини кӯдак, ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву буранда, инчунин гирифта гаштани онҳо пешбинӣ намудааст, банду баст менамояд.
Суд, лозим донист нисбати ҳуқуқвайронкунанда Г.Д.А. ҷазоро дар намуди ҷаримаи маъмурӣ таъин намояд.
Дар натиҷа, бо қарори суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз 06.02.2026 сол, ҳуқуқвайронкунанда Г.Д.А. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 2 сархати 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1125 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Раҳмон Ҷӯрахон Қурбоналӣ
Суди шаҳри Хуҷанд 