Қарори суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 5 феврали соли 2026 бо моддаи 93 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Қаландарзода Нозанин Абдуғаффор дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои факултаи санъати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда И.И.И. рӯзи 05 феврали 2026 соати 00:30 дақиқа дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Таги Сада, зимни ба миён омадани нофаҳмиҳо бо ҳамсараш О.Р.И. баҳсу муноқишаи оилавиро ба миён оварда, нисбаташ беҳурматӣ зоҳир намуда, суханҳои қабеҳ гуфта, нисбаташ зӯровариро раво дидааст. Бинобар ин, нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда И.И.И. бо моддаи 931 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Дар маҷлиси судӣ ҳуқуқвайронкунанда И.И.И. ба гуноҳаш пурра иқрор гардида, аз кирдори содирнамудааш софдилона пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук, таъин карда шавад.
Дар маҷлиси судӣ ҷабрдида О.Р.И. баёнот дод, ки И.И.И. шавҳараш будааст. Ҳуқуқвайронкунанда И.И.И. рӯзи 05 январи соли 2026 соати 00:00 дақиқа бо ӯ баҳсу муноқиша намуда, нисбаташ беҳурматӣ зоҳир намудааст. Ӯ айни ҳол, нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда ягон даъво надоштааст ва аз суд хоҳиш намуд, ки нисбат ба И.И.И. парванда дар доираи қонун баррасӣ карда шавад.
Ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ, суд, хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи И.И.И., шахсияти ӯ, вазъи молу мулкӣ, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба инобат мегирад.
Бо назардошти он, ки ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар руҳияи риояи бечунучарои қонунҳо, тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад, суд лозим медонад, ки нисбат ба И.И.И. ҷазоро дар намуди ҷаримаи маъмурӣ, дар доираи санксияи моддаи мазкур таъин намояд.
Дар натиҷа, бо қарори суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз 05.02.2026 сол, ҳуқуқвайронкунанда И.И.И. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, бо моддаи 931 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 234 (дусаду сиву чор) сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шудааст.
Судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд
Қаландарзода Нозанин Абдуғаффор
Суди шаҳри Хуҷанд 